Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарбиён аз вазъи куллии Артиши Миллии Тоҷикистон изҳори ноқаноатмандӣ карданд



Тоҳири Сафар

Дар соли 2000-ум 114 нафар ва дар се моҳи аввали имсол 36 аскарбачаи тоҷик дар асари муносибатҳои ғайриуставӣ, беэҳтиётӣ ва камбуди хӯрокворӣ ба ҳалокат расиданд. Иштироки низомиён дар ҷиноятҳо зиёд шуд. Чаро ҷинояткорӣ дар миёни ҳарбиён ва ҳарбипӯшон зиёд аст? Оё вазъи таъмини артиши миллӣ чи гуна мебошад? Чаро аскарбачаҳо аз хидмати Ватан фирор мекунанд? Ин саволҳо дар як нишасти муштараки вазоратҳои дифоъ, умури дохилӣ, додситонии ҳарбии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.





Намояндагони вазоратҳои қудратии Тоҷикистон бори аввал дар як нишаст вазъи интизоми ҳарбӣ дар сафҳои артиш ва қудрати мудофиавии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи умумиартишӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни сарбозон изҳори нигаронӣ намуд. Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки техникаи ҳарбии фартутшуда, хунукназарии фармондеҳони қисмҳои низомӣ боиси афзоиши ҳодисаҳои нохуш ва марги сарбозон мегарданд. Ба гуфтаҳои вазири дифои Тоҷикистон бар асари садамаҳо ҳашт сарбози мусаллаҳи қувваҳои вазорати умури дохила ба ҳалокат расид. Рақамҳои оморие, ки зимни суханронӣ Шариф Қурбонов, додситони ҳарбии кишвар ба забон овард барои ҳозирон хеле ҳайратовар ва нигаронкунанда буд. Гуфта мешавад аз сарҳад сарбозони нав ба сафи артиш даъватшуда мавриди зарбулати ҳамхизматони калонсоли худ қарор мегиранд ва аз ин ҷиҳат бархи худкушӣ мекунанд. Вазъи таъмини сарбозони тоҷик бо маводи хӯрока масъалаи дигаре буд, ки ширкатдорони нишаст ба он таваҷҷӯҳи хоса намуданд. Зикр гардид, ки бархе аз фармондеҳони кисмҳои низомӣ маводи барои аскарон ҷудошударо мефурӯшанд. Сарф кардани қисмҳои ҳарбӣ барои дарёфти ғизо миёни сарбозони тоҷик маъмулӣ шуааст. Шабона сарбозон қисмҳои ҳарбиро тарк мекунанд ва аз сокинони маҳаллаҳо ғизо ё нон металабанд. Дар ҳамин ҳол теъдоди сарбозони мубтало ба бемории сил низ афзудааст ва аъмули он ғизои бекалория аст, ки дар қисмҳои низомӣ ба сарбозон медиҳанд. Бар асари вазъи боби интизом ва шароити нигаҳдошти интизом тӯли 9 соли мавҷудияти артиши Тоҷикистон аз суфуфи он 14 ҳазор сарбоз фирор намудааст. Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки феълан дар Тоҷикистон давом дорад мавзӯи дигаре буд, ки ҷамъомадагон онро мавриди баррасӣ мавриди қарор доданд. Маъмулан дар ин мавсим аксари ҷавонони тоҷик ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешуданд ва даъват ба сафи артиш саркашӣ мекунанд ва он имкон намедиҳад, ки нақшаи комиссияи сафарбаркунӣ иҷро шавад. Раисони комисиони даъватӣ аксар вақт барои иҷрои нақша ҷавонони маризро низ ба қисмҳои низомӣ низ мефиристанд. Дар ин робита Шариф Қурбонов додситони ҳарбии Тоҷикистон мегӯяд, ки прокуратураи ҳарбии кишвар нисбати чанд комиссияи давлатӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст. Дар охири нишаст ширкаткунандагони он мураҷиатномае қабул карда ва низомиёни кишварро ба пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, таъмин намудани ҳамаҷонибаи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва қавӣ намудани нерӯи мудофиаи Тоҷикистон даъват намуданд. Ин ҷаласа дар ҳоле сурат гирифт, ки тайи ду ҳафта теъдоди ду нафар сарбоз аз дасти шахсони ношинос ба ҳалокат расиданд ва бар асари садамаи автомобили дигаре 9 нафар низомӣ ҷароҳат бардоштанд ва як нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG