Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи эҷоди 50 ҳазор ҷойи кори навро тасдиқ кард



Тоҳири Сафар

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, бо иҷрои ин барнома бекорӣ дар кишвар аз байн меравад, вале манбаъҳои мустақил бар инанд, ки шумораи ростини бекорон дар кишвар хеле калон буда, барномаи мазкур дар коҳиши бекорӣ кофӣ буда наметавонад.



Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии шуғли аҳолиро, ки тибқи он дар соли 2001ум бояд 50 ҳазор ҷойи нави кор эҷод шуда, ҳамин миқдор аз бекорон бо шуғл ва манбаъи даромад таъмин шаванд, ба тасвиб расонд. Додани қарзҳои давлатии имтиёзнок, ҷалби аҳолӣ ба соҳибкории хурд, ташкили "бозорҳо"-и ҷойи кор аз роҳҳои асосии иҷрои ин барнома мебошанд. Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, бо татбиқи ин барнома дар кишвар бекорӣ аз байн бурда мешавад, зеро шумораи бекорон 3 дарсади аҳолӣ ва ё 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аммо ниҳодҳои байнулмилал бар инанд, ки бархилофи ададҳои расмӣ, наздик ба 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон амалан бекор мебошад, ки шумораи онҳо қариб ним миллион нафари аҳолии қобили кор баробар аст. Ба ақидаи манбаъҳои мустақил, теъдоди бекорон дар Тоҷикистон ниҳоят бузург аст, зеро онҳое ки расман ҷойи кор доранд, ба сабаби кор накардани корхонаҳо дар рухсатии дарозмуддати маҷбурӣ мебошанд. Ин гуна бекорон дар биржаҳои кор сабти ном намешаванд. Дар ҳоли ҳозир нирӯи қобили кори Тоҷикистон асосан дар Русия ва баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши онҳоеро иҷро мекунанд, ки бо корҳои сангин ва сиёҳ машғуланд. Сафи ҷавононе ки барои мардикорӣ ба ин кишварҳо мераванд, ҳамасола афзойиш меёбад.

XS
SM
MD
LG