Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯйиқасд ба ҷони генерал Сангинов шубҳаро ба бозгашти амнияти воқеъӣ афзойиш медиҳад



Салими Аюбзод

Қатли Ҳабиб Сангинов,нойиби вазири корҳои дохилии кишвар, шахси шинохтаи раванди сулҳи Тоҷикистон бо вуҷуди инки гуфта мешавад, аз террори сиёсӣ дида, бештар ба амали ҷиноӣ шабоҳат дорад, дар афкори ҷамъият ва сулҳу эътидол дар кишвар таъсири муайян хоҳад дошт.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров, ки ҳоло дар Бишкек сафари расмӣ анҷом медиҳад, ба хабарнигорон гуфт, сӯйиқасд ба ҷони Ҳабиб Сангинов "як иғвои ҷиддии сиёсӣ" аст, ки тарҳи он аз тарафи мухолифони сулҳи Тоҷикистон рехта шудааст. Ҷаноби Назаров дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек гуфт, "имрӯз дар дохил ва берун аз Тоҷикистон нирӯҳои муайяне вуҷуд доранд, ки вазъи нисбатан ороми Тоҷикистонро дида наметавонанд." Назаров нагуфт, кадом нирӯҳоро дар назар дорад. Чунин натиҷагирӣ дар сӯҳбати чандин нафари дигар дар Душанбе низ ба гӯш расид. Таъсири сиёсии сӯйиқасд аз он ҷо маншаъ мегирад, ки Ҳабиб Сангинов, собиқ раиси Бунёди кӯмак ба паноҳандагони тоҷик--"Умед", узви ҳайъати Иттиҳоди оппозисюни тоҷик дар гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон аз соли 1994 то 1997, узви Кумисюни оштии миллии Тоҷикистон ва ниҳоят нойиби якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар афкори ҷомеъа бештар бо раванди сулҳ, ҳалли мушкилоти низомии ин раванд, халъи силоҳ ва ҳамойиши нирӯҳои Иттиҳоди оппозисюн ва давлат пайванд дода мешавад. Аз миёни намояндагони оппозисюни собиқ дар Кумисюни оштии миллӣ Ҳабиб Сангинов шояд шахсе буд, ки бо масъалаҳои аз ҳама ҳассосу хатарноки низомӣ сарукор дошт. Инҳо сабти номи мусаллаҳони оппозисюн, халъи силоҳ ва ҳамойиши ин нирӯҳо, таъмини онҳо бо маводи зарурӣ, ҳалли ҳолатҳои бӯҳронӣ ва ба ин монанд воқеъаҳо буданд, ки аз ҷаноби Сангинов ҳам ҷасорату устуворӣ ва ҳам дипломатияву нармишро талаб мекарданд. Дар ҷараёни низоъҳои маҳаллии баъд аз июни соли 97 Ҳабиб Сангинов борҳо ба манотиқи доғ фиристода шудааст, то гурӯҳҳои ба истилоҳ саркаш ва шӯришгарро ба ифоқа биёварад. Дертар дар озмойиши касбии ҳайъати Вазорати корҳои дохилӣ, ки баъди ҷанги Тоҷикистон аз афроди дорои гузаштаи ҷиноӣ саршор шуда буд, ва ин озмойиши салоҳиятҳои касбӣ бештар ба поккории нирӯҳои вазорати умури дохилӣ монанд буд, бешак, Ҳабиб Сангинов борҳо бо ҳолатҳои бӯҳронӣ рӯбарӯ гаштааст ва худро душмандор кардааст. Аз тарафи дигар ба сифати нойиби вазири корҳои дохилӣ мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноӣ яке аз масъулиятҳои Ҳабиб Сангинов муқаррар шуда буд, ва фаъолият дар ин ҷабҳа низ метавонист, хашми чунин гурӯҳҳоро ба миён орад. Бо назардошти пайванди, бигзор ҳатто баъдан кандашудаи, Ҳабиб Сангинов бо раҳбарияти Иттиҳоди оппозисюни тоҷик ва нақши ӯ дар раванди сулҳ, куштори ингуна тарҳрезӣ ва иҷрошудаи ин шахс, метавонад ҳамчунин аломатдиҳӣ ба намояндагони оппозисюни собиқ бошад, ки ҳоло дар ҳайъати ҳукумат кор мекунанд ва махсусан онҳое ки дар сохторҳои қудратӣ ҳастанду метавонанд, бо бастани иттиҳоди нонавишта байни худ барои дигар сулола ва гурӯҳҳои ҷоҳталаб, ки ояндаро дар даст нигаҳ доштан мехоҳанд ва ё ба даст овардан, мушкил иҷод кунанд. Вале ҳадсу тахминҳои пиромуни воқеъа ки имрӯзҳо дар Душанбе садо медиҳанд, агар исбот талаб намоянд, чизе ки ба исбот эҳтиёҷ надорад, ин аст, ки қатли Ҳабиб Сангинов бовари бисёриҳоро ба инки ниҳоят дар ватан оромию еътидол ба даст омад, ба ҳам мезанад. Аз нав шубҳа дар миёни гурӯҳу сулолаву дастаҳо қувват мегиард ва барои шаҳрвандони оддӣ ба маротиб даҳшатангез аст, ки агар муовини вазири короҳои дохилӣ натавонист дар амният ба сар барад, чӣ мемонад ба аҳолӣ, ки аз имтиёзҳои ҳифзи ҷон маҳрум аст. Дар сӯҳбати намояндагон сохторҳои интизомии Тоҷикистон ин факт садо дод, ки Ҳабиб Сангинов борҳо мавриди таҳдид қарор гирифта, камаш ду бор, пештар, кӯшиши сӯйиқасд ба ҷони ӯ анҷом дода шудааст. Бо вуҷуди чунин аломатҳои рӯшан, сохторҳои марбута натавонистанд, Ҳабиб Сангиновро ҳифз кунанд. Ҳеҷ сохторе нақшаи қатли ӯро кашф ва баррасию иҷрояшро пешгирӣ карда натавонист. Ва агар ба зудӣ нақшакашон ва қотилон ифшову боздошт нашаванд, беэътимодии ҷомеъа ба ин сохторҳо ва дар ин замина умуман ба иҳтимоли густариши амният дар кишвар дар ояндаи наздик шубҳаи ҷиддӣ боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG