Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе аз созмонҳои байнулмилал интиқод кард



Сайидқосими Қиёмпур

Фармондеҳи Иттиҳоди зидди Толибони Афғонистон дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот намуда, дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигорон ҷавоб дод.

Рӯзи сешанбе фармондеҳи Иттиҳоди шимоли Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки баъди итмоми сафари худ дар Аврупо ба воситаи Тоҷикистон ба манотиқи таҳти назорати ҷабҳаи муттаҳида бармегардад, дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот кард ва дар як нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигорон посух дод. Вай вазъиятро дар Афғонистон аз лиҳози башарӣ фоҷиаомез номид, вале аз лиҳози ҳарбӣ гуфт, нирӯҳои иттиҳоди зидди Толибон то рафт аз пуштибонии бештари аҳолӣ бархӯрдор мешаванд. Аҳмадшоҳи масъуд фаъолияти сохторҳои Созмони Милали Муттаҳидро танқид карда, гуфт, аз чӣ ба хотирои "як миқдор" паноҳанда дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ ғавғо мекунанд, аммо ба паноҳандагони аслӣ кӯмак намерасонанд. Вай афзуд ба паноҳандагони рӯдхонаи Панҷ зарурати вуруди Тоҷикистон вуҷуд надорад ва иттиҳодит шимол худ метавонад, онҳоро ба ҷойи амн интиқол диҳад. Масъуд аз созмонҳои хайрияи умумиҷаҳонӣ даъват кард, дар Душанбе марказ боз кунанд ва ба паноҳандагон кӯмак расонанд.

XS
SM
MD
LG