Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Русия Сергей Шойгу дар Тоҷикистон



Мирзои Салимпур

Ҳолати сарбанди табии кӯли Сарез, роҳҳои кӯмак ба паноҳандагони афғон, заруратҳои фаннии тақвияти хадамоти наҷотдиҳандаи Тоҷикистон аз мавзӯъҳое мебошанд, ки дар дидору гуфтушунидҳои вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Русия ва мақомоти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Русия ва раҳбари ҳизби "Единство"-и Русия Сергей Шойгу дар шаҳри Душанбе бо президент Эмомалӣ Раҳмонов ва мақомоти баландпояи Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар роҳи пешгирӣ аз вазъиятҳои фавқулодда, огоҳсозии ҳамдигар аз чунин ҳодисаҳо, ҳолати сарбанди кӯли Сарез, кӯмакҳои фаннии Русия ба Вазорати авзоъи фавқулоддаи Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳоро баррасӣ кард. Вай гуфт, дар ин сафари худ як теъдод таҷҳизот ва муҳимоти хадамоти наҷотдиҳиро ба Тоҷикистон овардааст. Вазири Русия ва мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин роҳҳои ёрӣ ба паноҳандагони афғонро баррасӣ карданд. Дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ наздики 12 ҳазор нафар аз паноҳандагони афғон дар ҳолати сангин ба сар мебаранд. Созмонҳои байнулмилал аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ин паноҳандагон ба минтақаҳои амн кӯчонида шуда, кӯмаки моддӣ ба онҳо афзойиш ёбад.

XS
SM
MD
LG