Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон мубориза бо маводи мухаддир шиддат меёбад



Мирзои Салимпур

Тибқи маълумоти манбаъҳои гуногун мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта панҷ баробар афзойиш ёфт. Чораҳои қатъӣ ба боло рафтани нархи ин мавод сабаб шуданд.

Ба иттилоъи вазоратҳои қудратии Тоҷикистон бо шурӯъ аз соли ҷорӣ нархи маводи мухаддир ҳам дар бозори дохили Тоҷикистон ва ҳам дар бозорҳои хориҷи мамлакат ба маротиб боло рафт. Феълан нархи як килограмм маводи сахтаъсири ҳероин дар Русия ба 20-25 ҳазор доллар баробар шудааст. Дар ҳоле, ки охири соли гузашта қиммати он ҳудуди 10-12 ҳазор доллар буд. Алихон Раҳмонов, сардори Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бозори сиёҳи дохили мамлакат низ қимати ҳероин 2 маротиба боло рафтааст. Тайи 3 моҳи сипаригардида раёсати онҳо беш аз 800 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро ошкор намуд ва дар паи он ҳудуди 830 нафар ба маҳкама кашида шуд. Зимнан нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон низ эълон доштанд, ки дар ин се моҳ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1 тонна маводи мухаддир мусодира намуданд, ки қисмати аксари он ҳероин аст. Ва дар ҳамин ҳол Аваз Юлдошев, сухангӯи Оҷонсии назорати гардиши маводи мухаддир мегӯяд, оҷонсии онҳо то имрӯз натиҷаҳои фаъолияти ниҳодҳои масъули Тоҷикистонро фақат барои ду моҳи аввали соли равон таҳлил кардааст ва аз ин рақамҳо бармеояд, ки нисбат ба ду моҳи як соли пеш мусодираи маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ панҷ баробар афзудааст. Ба ақидаи Аваз Юлдошев ин дар ҳолест, ки то имрӯз роҳҳои асоси интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон баста буданд. Мусоҳиби мо афзуд, интизор меравад, бо расидани фасли гармо қочоқи он тавассути қаламрави Тоҷикистон ба маротиб хоҳад афзуд. Аммо ба қавли Аваз Юлдошев маводи мухаддире, ки мақомоти гуногун мусодира мекунанд, бояд дар оҷонсии онҳо ҷамъ оварда шаванд, вале бо сабаби набудани лабораторияҳои муҷаҳҳаз ин нукта то имрӯз дуруст риоя намешавад.

XS
SM
MD
LG