Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Иттиҳоди Аврупо фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъудро ба мулоқот даъват кард?



Холидаи Қодир

Мусоҳибаи мо бо ёвари умури сиёсати берунаи Райиси Парламенти Иттиҳоди Аврупо Стивен Воударт



Панҷшанбеи панҷуми апрел фармондеҳи Иттиҳоди шимоли Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар Страсбург бо Никол Фонтейн, президенти Парламенти Аврупо дидор ва гуфтушунид хоҳад кард. Дар эъломияи матбуотии дастгоҳи президенти Аврупарламент, ки аз ин бобат хабар додааст, гуфта мешавад, сафари ҷаноби Масъуд бо даъвати ин ниҳод ва анҷумани президентҳову гурӯҳҳои парламентии иттиҳоди Аврупо ба амал меояд. Ин хабар вокуниши манфии Толибонро ба амал овард, ки даъват шудани Аҳмадшоҳи Масъудро ба нишасти мазкур мусойидат ба идомаи ҷанг дар Афғонистон номиданд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо ёвари президенти Парламенти Аврупо Стивен Вударт паҳлуҳои гуногуни масъаларо дар хатти пажӯҳиш гузоштем:

Савол: Ҷаноби Вударт, нахуст мехостем бидонем, ки оё сабаби даъват аз фармондеҳ Масъуд ба Парламенти Аврупо чист ва чаро ин воқеъа маҳз ҳоло ба амал омадааст?

Ҷавоб: Мақсади Иттиҳоди Аврупо ин аст, ки вазъиятро аз наздик таҳти мушоҳида дошта бошад ва дар ташаккули сиёсати иттиҳод дар муносибат ба минтақаи мазкур саҳм бигирад. Яъне мо ба ҳамин умедворӣ дорем. Ва мо ин корро дар асосии маълумоте, ки аз ин дидор ба даст меояд, беҳтар анҷом дода метавонем. Ман фикр мекунам, вақти мулоқот, дар пасманзари рӯйдодҳои ахири Афғонистон дуруст интихоб шудааст, аммо масъала ин буд, ки худи ҳукумати Афғонистон барои Иттиҳоди Аврупо як муддат саволомез буд. Хонум Никол Фонтейн, президенти Парламенти Аврупо хеле роғиб аст, бидонад, дар худи Афғонистон чӣ мегузарад. Чӣ тавр мо, аз Иттиҳоди Аврупо, метавонем, ба пешрафт дар Афғонистон кӯмак расонем. Инҳоро ӯ мехоҳад аз ҷаноби Масъуд бифаҳмад ва ақидаи ӯро бидонад, ки Иттиҳоди Аврупо чӣ карда метавонад. Масъалаҳои сиёсӣ дар мадди аввал ҳастанд ва ҳам иҷтимоӣ. Масалан, вазъи занон дар кишвар, ки мо медонем, режими Толибон онро асафангез гардондааст.

Савол: Бахши аъзами Афғонистон, зиёда аз навад дарсади қаламрави он таҳти назорати Толибон аст, вале Парламенти Аврупо яке аз сарони мухолифатро ба мулоқот даъват мекунад, ки бахши ками мамлакатро таҳти назорат дорад. Оё ин ҷо масъалаи шинохти расмӣ вуҷуд дорад? Ва чаро маҳз Аҳмадшоҳи Масъуд ба ин мулоқот даъват шудааст?

Ҷавоб: Вай нойиб-перзиденти ҳукумат дар табъиз мебошад. Ҳукумати Толибон аз ҷониби на беш аз чаҳор кишвар еътироф шудааст. Ҳукумати пешина ҳукуматест, ки Миллали Муттаҳид ва аксари давлатҳои ҷаҳон еътироф мекунанд ва дар он вай мақоми нойиби президентро дорад.

Савол: Хуб, дар он ҳолат, боз ҳам чаро маҳз нойиби президент, дар ҳоле ки президенти ҳукумати барканоршуда Бурҳонуддини Раббонӣ мебошад?

Ҷавоб: Ба андешаи мо вай шахсест, ки метавонад, ин муколамаро оғоз кунад, чунки ақаллияти ба таври қобили мулоҳиза калони мамлакатро дар назорат дорад. Мо фикр кардем, бамаврид аст, муколамаи мустақимро бо худи ӯ оғоз кунем.

Савол: Оё ин чунин маънӣ дорад, ки дар оянда Иттиҳоди Аврупо ба минтақа еътибори бештарро қойил гашта, дар ҳалли ниҳоии бӯҳрони Афғонистон нақши фаъолтареро касб хоҳад кард?

Ҷавоб: Иттиҳоди Аврупо солҳост вазъияти ин ҷоро ҷиддан таҳти мушоҳида дошт ва дорад. Ва албатта, ин вохӯрӣ тафовут иҷод хоҳад кард, сатҳи масъаларо баланд хоҳад бурд, зеро хонум президент бо худи ӯ мулоқот хоҳад кард ва ҳамчунин барои силсилаи дидорҳо бо ҷаноби Масъуд сарони гурӯҳу кумитаҳои парламентро даъват кардааст. Ин ҳама, албатта, масъалаи Афғонистонро дар сатҳи ҳамаи Парламенти Аврупо хоҳад барафрошт ва мо барои худ рӯшан хоҳем сохт, ки чигуна хоҳем тавонист дар оянда ба мардуми Афғонистон кӯмак расонд.

Ташаккур, ҷаноби Вударт, ёвари президенти Парламенти Аврупо дар сиёсати беруна барои ин сӯҳбат бо Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG