Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синамо ва ҳуқуқи инсон



Соҷидаи Мирзо

Ҳафтаи равон Прага - поӣтахти Ҷумҳурии Чех бо баргузории сеюмин фестивали филмҳои мустанад, бо номи "Ҷаҳони Ягона" дар маркази таваҷҷуҳи созмонҳои ҳуқуқи башар қарор мегирад.

Ҳафтаи равон Прага - поӣтахти Ҷумҳурии Чех бо баргузории сеюмин фестивали филмҳои мустанад, бо номи "Ҷаҳони Ягона" дар маркази таваҷҷуҳи созмонҳои ҳуқуқи башар қарор мегирад. Ҷашнвора 2 апрел шуруъ шуда, 10 апрел, баъди супурдани ҷойизаҳо кори худро ҷамбаст хоҳад кард. Ин фестивал, ки се соли пеш, соли 1999 таъсис ёфт, ҳадаф ва мавзуъи вежа дорад ва барои намоиш филмҳоеро интихоб мекунад, ки ба мавзуъи Ҳуқуқи Башар бахшида шудаанд. Вежагии дигари ҷашнвора ҳузури шахсиятҳои машҳур дар он аст. Барои намуна президенти Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел дар ҷашнвора ҳузур хоҳад дошт. Ҳузури Камиссионери Ҳуқуқи Башари Иттиҳоди Аврупо Мери Робинсон аз тариқи видео таъмин хоҳад шуд. Дар тӯли 8 рӯз, 89 филми мустанад аз вазъи ҳуқуқи башар дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон нақл хоҳанд кард. Мутасадии фестивал, Бунёди ғайридавлатии "Инсон дар Фалокат" аст, ки аз соли 1992 миллионҳо долларро барои кӯмак ба Косово, Босния ва Ҳерсоговин ва Чеченистон ҷамъ кардааст. Намояндаи фонд Игор Блазевич мегӯяд, иқдоми дуюмини фестивал аз сафар ба Аврпуои Марказӣ иборат хоҳад буд ба гуфтаи ӯ соли равон ҷашнвора ба Братислава, Варшав, Белград, Приштина ва ғайрирасмӣ ба Белорус бурда мешавад. Игор Блазевич мегӯяд, масъулони ҷашнвораи "Ҷаҳони Ягона" аз 500 филми пешниҳодшуда танҳо 89 торо барои фестивал интихоб карданд. Дар байни баргузидаҳо филми журналист Сориус Самура бо номи "Фарёди Фритавн", оиди ҷанги шаҳрвандӣ дар Съера Леоне ва "Марги ғуломбачча" филми мустанади коргардони Шведсия Магнус Бергмар, рочеъ ба сарнавиши Иқбол Масиҳ, ғуломбачаи покистонӣ, ҷой гирифтаанд. Иқбол дар сини чаҳорсолаги аз тарафи падараш ба ғуломӣ фурӯхта шуд. Аммо ба даҳшатҳо тоб наоварда дар шашсолагӣ фирор кард. Ӯ баъдтар барои мубориза дар роҳи дифоъи ҳуқуқи кӯдакони Покистон ба ҷойизаи байналмилалӣ сазовор дониста шуд. Иқбол соли 1995, дар сини 12 солагӣ кушта гардид. "Ҷанги Касиф" - филми мустанади коргардони Канада Надин Пекюнеза дар бораи қубониёни шиканҷаи расмии режими диктатории Амрикои Ҷанубӣ дар охири солҳои 70 ва авоили солҳои 80 нақл мекунад. Ба барномаи фестивал филмҳои коргардонҳои кишварҳои Собиқ Шуравӣ низ дохил шудаанд. Ба гуфтаи масъули ҷашнвора Игор Блазевич ҷашнвораи филмҳо оиди ҳуқуқи башар барои дарки ин мушкилот, садо баланд намудан дар баробари сарнавишти инсонҳо кӯмак мекунад. У дар ин самт заҳмати таҳиягарони филмҳои мустанадро тавсиф мекунад ва мегӯяд, кореро, ки коргардони филмҳои мустанад иҷро мекунанд, аз масъулияте, ки расонаҳои хабарӣ бар душ доранд бартар аст. Ӯ мегӯяд, умдатан кормандони телевизион ва ё расонаҳои дигар дар маҷмуъ як ё ду соатро дар ҷойи ҳаводис сарф мекунад ва бо ҳамин вазифаи худро иҷрошуда мешуморанд. Аммо коргардонҳо рӯзҳо, моҳҳо ва ҳатто солҳоро бо омма, ки қурбони ҳаводис шудаанд, сипарӣ менамоянд. Ҷашнвора барои филмҳои беҳтарин ҷойизаҳое низ таъсис додааст, ки ба чанд навъ ҷудо мешаванд. Ҷойизаи анъанавӣ барои филми беҳтарин, барои коргардони беҳтарин ва истифодаи техникаи артистӣ дар таҳияи филмҳо. Мукофоти филмҳои фавқулодда хуб ҳузури президенти Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел хоҳад буд. Игор Блазевич мегуяд, стратегияи истифода аз коргардонҳо ва инсонҳои воқеъи, ки ба поймолшавии ҳуқуқ ва таъиз рӯ ба рӯ буданд, барои иҷроиши миссияи аслии ҷашнвора, инъкоси мушкилоти ҳуқуқи башар кумак хоҳад кард. Аммо меафзояд, мутмаъин нест, ки ҷашнвораи якҳафтаина барои тағйири ҷаҳон самари беш аз ҳад диҳад. Ва соддагӣ аст агар пиндорем, ки танҳо бо филм ягон касро аз маҳбас метавон берун кард ва ё ҳифзи каси дигарро аз ҷанги харобиовар таъмин намуд. Игор Блазевич мегӯяд, намоиши филмҳо дар ҷашнвораи Прага танҳо як бахши кучаки раванди тадриҷии дарки масъала аст.

XS
SM
MD
LG