Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунари Осиёи Марказӣ дар ИМА



Никола Крацев

То кунун дар саҳифаҳои аввали маҷаллаҳои фарҳангии Амрико дар бораи осори фарҳангӣ ва намунаҳои ҳунари Осиёи Марказӣ мақолаи кофӣ ба табъ нарасидааст, вале намоишгоҳҳои ҳунарӣ, фестивалҳои фолклорӣ ва фурӯши ҷавоҳироти Осиёи Марказӣ дар ИМА шаҳодати афзоиши таваҷҷӯҳи аҳли ин кишвар ба минтақаест, ки қаблан фақат ба гурӯҳи хурди пажӯҳишгарон шинос буд.

То кунун дар саҳифаҳои аввали маҷаллаҳои фарҳангии Амрико дар бораи осори фарҳангӣ ва намунаҳои ҳунари Осиёи Марказӣ мақолаи кофӣ ба табъ нарасидааст, вале намоишгоҳҳои ҳунарӣ, фестивалҳои фолклорӣ ва фурӯши ҷавоҳироти Осиёи Марказӣ дар ИМА шаҳодати афзоиши таваҷҷӯҳи аҳли ин кишвар ба минтақаест, ки қаблан фақат ба гурӯҳи хурди пажӯҳишгарон шинос буд.

Солҳои ахир дар бузургтарин музейҳои аёлатҳои амрикоии Ню-Йорк, Калифорния, Ҷорҷия ва Пенсилвания намоишгоҳҳои осори ҳунарии Осиёи Марказӣ доир мешаванд. Баъзе шореҳони амрикоӣ мегӯянд, ки ба шарофати фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдудиятҳои содироти муваққатии осори ҳунарӣ ва сарватҳои миллӣ камтар шуданд ва бар илова коршиносони мамолики ғарбӣ имкон ёфтанд, ки ба пажӯҳишҳои бостоншиносони маҳаллӣ бипайванданд. Дарҳои хазинаҳои махфӣ ва амборҳои музейҳо низ ба рӯи бостоншиносону муаррихони ғарбӣ боз гаштанд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Улӣ Шомилоғлу профессори пажӯҳишҳои туркӣ ва авроосиёӣ дар Донишгоҳи Висконсини ИМА изҳор намуд, ки на танҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ҷамоҳири собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ, балки ба тадриҷ манотиқи замоне мамнуъи дохили Русия ҳам барои пажӯҳишгарони хориҷӣ дастрас мегарданд.

Дар ҳамин ҳол хонум Элен Суливан коршиноси китобхонаи шаҳри Бостон таъкид мекунад, ки Осиёи Марказӣ чӣ аз нуқтаи назари фарҳангӣ ва чӣ аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ барои аксари амрикоиҳо шинос нест.Номбурда меафзояд:

"Онҳо маълумоти кофӣ надоранд. Ва баъзан мардум дар ҳақиқат намедонанд, ки мо дар чӣ бора ҳарф мезанем,... Аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ Туркманистон чисту Тоҷикистон чист? Бар пояи таҳқиқотам мардуми зиёд бо ин кишварҳо ошно нестанд. Шояд сабаб ин бошад, ки воситаҳои ахбори умум дар бораи ин кишварҳо иттилои кофӣ пахш намекунанд. Ва ё шояд сабаб ин бошад, ки мардум ба ин кишварҳо ба мисли дигар мамолики осиёвии Чин, Индонезия ва ё Малайзия сафар намекунанд."

Дар охири соли гузашта музейҳои ҳунарии Метрополитани Ню-Йорк ва Бруклини ИМА намоишгоҳҳои ҷавоҳироти қабилаҳои бодиянишини Скифҳову Сарматиҳоро, ки дар асрҳои миёна дар ҳавзаи Баҳри Сиёҳ иқомат доштаанд, дар мазҳари ом гузоштанд. Ҷавоҳироти мазкур дар ду қабр яке дар Украина ва дигаре дар Русия ёфт шудаанд. Намоишгоҳ таваҷҷӯҳи мардуми зиёдро ҷалб намуд ва аксари тамошобинон ба робитаи зичи фарҳангҳои манотиқи мухталиф ишора мекарданд. Ба мисли он соли гузашта Музеи Сан-Франциско таҳти унвони "Дар байни Биёбонҳои Сиёҳ ва Сурх" намоишгоҳи қолинҳои Осиёи Марказиро ташкил карда буд.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки осори таърихиву фарҳангии Осиёи Марказӣ дар Амрико ба таври бояду шояд муаррифӣ намешавад. Пажӯҳишгар аз Осиёи Марказӣ хонум Олма Конанбой, ки феълан дар Донишгоҳи Калифорния даср медиҳад, мегӯяд, ки дар Амрико теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ хеле кам аст ва он ҳам дар муаррифии фарҳанги минтақа саъйу кӯиши зиёд ба харҷ намедиҳад. Ӯ илова мекунад:

"Мушкили асосӣ аз нуқтаи назари фаъолиятҳо ва мақомгирии муносиби Осиёи Марказӣ дар бозори ИМА набудани муҳоҷирон аз ин кишварҳост. Туркманистонро касе тарк намекунад. Аз Узбакистон фақат яҳудиёни Бухоро ба ИМА ҳиҷрат мекунанд. Қирғизистонро аслан фаромӯш кунед. Аз Қазоқистон асосан онҳое меоянд, ки шавҳари амрикоӣ кардаанд. Онҳо мехоҳанд зуд ба амрикоӣ мубаддал шаванд. Як гурӯҳи Узбакистониҳоро ёд кардан мумкин аст, ки маросимҳои миллй ва ҳуввияти худро ҳифз намуда, кӯшиш мекунад, аз дохили ҳамин гурӯҳ домоду арӯс бигирад.Аммо ин гурӯҳ хеле хурд аст."

Дар баробари музейҳо Бунёди Роҳи Абрешим, Ҷомеаи Осиё ва чанд созмону муассисаи ғайридавлатиро метавон хотиннишон кард, ки дар муаррифӣ ва тавсеаи осори фарҳангӣ ва ҳунари Осиёи Марказӣ дар ИМА талош меварзанд.

(Баргардони Хоҷаи Мирзода)

XS
SM
MD
LG