Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз гузориши солонаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон



Хоҷаи Мирзода

Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, як созмони ғаӣридавлатӣ ва баӣналхалқӣ, ки марказаш дар Ню Ӣорк аст, ҳар сол гузорише дар бораи вазъи журналистони кишварҳои ҷаҳон мунташир мекунад. Натиҷагириҳои КҲР дар бораи вазъи журналистон дар баъзе аз кишварҳои муштаракулманофеъ...

Соли 2000ум дар саросари 24 рӯзноманигор ба қатл расид. Тавре, ки Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон дар гузориши солонаи худ менависад, панҷ нафари онҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ кушта шудаанд. Дар гузориш омадааст: Интихоби ҳукуматҳои демократӣ дар Сербия ва Хорватия шароити амниятии рӯзномангигорони кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқиро нисбатан бехбуд бахшид. Аммо дар ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тамоюлҳои баръакс ба назар мерасанд. Дар иртибот бо фаъолиятҳои касбӣ ду рӯзноманигор дар Чеченистон ва яке дар Маскав ба ҳалокат расиданд. Сабаби қатли чор рӯзноманигори дигар, ки соли гузашта дар Русия кушта шудаанд, то ҳол дақиқ нест. Беному нишоншавӣ ва сипас куштори рӯзноманигори украинӣ Ҳеорҳий Гонгадзе шаҳодати бепушту паноҳии аҳли қалам дар ин кишвар аст. Маъмурияти Президенти Русия Владимир Путин бо баҳонаи таҳкими давлат дар Чеченистон цензура ҷорӣ намуда, бар зидди соҳибони воситаҳои нерӯманди ахбори умуми ин кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз кард. Ҳамзамон ҳукумат расонаҳои маҳаллиро зери қаноти худ қарор дода, бо интишори доктринаи Амнияти Иттилоотии кишвар хадамоти амниятиро аз салоҳиятҳои бузург баҳраманд сохт. Дар гузориши солонаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон омадааст: Шумори ниҳоят хурди рӯзноманигорон ҷуръати саркашӣ аз ин дастурҳоро доштанд. Яке аз онҳо хабарнигори Радиои Озодӣ Андрей Бабитский бо гузоришҳои бетараф ва ҳақиқатнигоронаи худ аз мавзеъҳои бархӯрдҳо низомиёнро ба ғазаб овард. Дар миёнаҳои моҳи январ Бабитский беному нишон шуд. Пас аз ду ҳафта низомиён иқрор карданд, ки рӯзномагори Радиои Озодӣ бо иттиҳоми ширкат дар дастаҳои мусалллаҳи ғайриқонунӣ дар маҳбаси низомист. Айбгузориҳо ба зудӣ лағв шуданд, аммо дар ибтидои моҳи феврал низомиён як саҳнае ташкил намуда, Бабитскийро бо чанд сарбози асирафтодаи рус табодул карданд. Ҳадаф аз ин намоиш ҳамчун ҷонибдори разамандагони чечен ҷилвагар намудани Андрей Бабитский буд. Баъди се ҳафта Бабитский дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон пайдо шуд. Мақомоти Русия ӯро бори дигар, ин дафъа бо иттиҳоми истифода аз ҳуҷҷати қалбакӣ ҳабс карданд. Дар ин маврид Бабитский таъкид мекунад, ки гурӯҳи чечени, ки ӯро табодул намуда, аслан ҷонибдори Маскав буда, ҳуҷҷатҳои қалбакиро бар ивази ҳуҷҷатҳои ҳақиқӣ ба ӯ дода буд. Моҳи октябр додгоҳи Русия Бабитскийро дар истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муҷрим дониста, фавран афв кард. Дар Украина яке аз танқидгарони ашаддии ҳукумат Ҳеорҳий Гонгадзе беному нишон гардид. Ҷасади бесари ӯ баъди ду моҳ дар канораи шаҳри Киев ёфт шуд. Мухолифин бо ишора ба баъзе наворҳо, ки дар он гӯё президенти кишвар Леонид Кучма ҳалли масъалаи рӯзноманигорро фармоиш медиҳад, мақомоти Украинаро масъули куштори Гонгадзе меҳисобанд. Ин ҳодиса сабабгори буҳрони амиқ дар ин кишвар шудааст. Дар гузориши солонаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон Узбакистону Туркманистон ҳамчун кишварҳое ёд мешаванд, ки дар онҳо рӯзноманигорон зери фишори фавқулодда қарор доранд. Дар ин кишварҳо рӯзноманигорон ба ҳабсҳои тӯлонӣ, латту кӯб ва зӯроварии замони Шӯравӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Дар моҳи июн дар Туркманистон Шӯрои Назорати Хориҷиён таъсис дода шуд, ки минҷумла фаъолияти рӯзноманигорони хориҷиро контрол мекунад. Дар Тоҷикистону Қирғизистон ҳам тамоюлҳои маҳдудкунии озодиҳои рӯзноманигорон ва "худ-цензура" идома дорад. Дар ин кишварҳо низоми авторитарӣ тақвият ёфта ва дастрасӣ ба имкониятҳои таҳия ва пахши хабар ва маълумот маҳдудтар шудааст. Соли гузашта дар ин ду кишвар чандин журналист кушта ва ё латту куб шуданд. Дар Қазоқистон маъракаи таъқибу фишор рӯи нашрияҳои танқидкунандаи ҳукумат рӯ ба афзоиш аст. Рӯзноманигорон ва нашрияҳо бо ҳар баҳона ба ҷаримаҳои калон, мусодираи амвол ва ҳабс маҳкум мешаванд.

XS
SM
MD
LG