Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо сарвазири Қирғизистон Кумонбек Боқиев



Қиёс Молдоқосимов, Брюс Паннир

Захираҳои оби Осиёи Марказӣ; аломатгузории марзҳои Қирғизистон бо Ӯзбакистону Тоҷикистон; эҳтимоли ҳамлаи нави мусаллаҳони исломӣ. Ин мавзӯъҳо дар гуфтугӯе бо сарвазири ҳукумати Қирғизистон.



Сарвазири Қирғизистон Кумонбек Боқиев дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Бишкек гуфт, дар ҳоле ки Ӯзбакистон аз Қирғизистон таъмини бетанаффуси обро талаб мекунад, худ ба созишҳои байнидавлатӣ эҳтиром намегузорад ва дар авҷи сармои зимистон интиқоли газро ба Қирғизистон қатъ мекунад.

Кумонбек Боқиев: "Ҳар сол дар фасли зимистон ҳамин ҳолат рӯй медиҳад ва соли сеюм аст, ки дар давраи хунукиҳои сахт Ӯзбакистон роҳи газро мебандад. Имсол онҳо гуфтанд, дар лӯла садамае ба амал омадааст. Дуруст, чунин ҳолат буд, вале ин харобиро ба зудӣ тармим карда бошанд ҳам, мо то ҳол газ надорем."

Ӯзбакистон, дар навбати худ борҳо гуфтааст, ки қатъи интиқоли газ ба Қирғизистон натиҷаи пардохт нашудани қарзи Бишкек аз истифодаи газ аст. Аммо пайваста қатъ шудани газ сабаб гардид, ки Қирғизистон истифодаи захираҳои барқи обии худро ба таври густарда афзойиш диҳад. Бо вуҷуди ин, мегӯяд сарвазир Боқиев, Қирғизистон дар ҳоли ҳозир танҳо аз чаҳор як ҳиссаи захираҳои барқи обии худро истифода мебарад, то пойбандии худро ба гази Ӯзбакистон коҳиш диҳад. Ва аммо ин ҳолат аз тарафи дигар сабаби эътирози Ӯзбакистон мегардад, зеро бо афзойиши истифодаи захираҳои барқи обӣ, ҳаҷми об аз Қирғизистон ба Ӯзбакистон кам мешавад. Алҳол ба гуфтаи сарвазир Боқиев сатҳи об дар обанбори Токтогул хеле паст мебошад ва дар ҳоли боз ҳам поинтар рафтаи сатҳи об истифодаи нирӯгоҳи барқи обии Токтогул ғайримумкин мегардад. Бастани об барои бардоштани сатҳи обанбор сабаби он мегардад, ки ҳазорон гектар замин дар Ӯзбакистон ва Қазоқистон тобистони имсол беоб хоҳанд монд.

Кумонбек Боқиев: "Агар сатҳи об аз ин пастттар шавад, мо нахоҳем тавонист нирӯи барқ истеҳсол кард ва хатари ин ба миён меояд, ки зимистони оянда на газ хоҳем дошт ва на нирӯи барқ. Ин ҳолат барои мардуми мо хатари калон дорад."

Кумонбек Боқиев, сарвазири Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷа ба чунин хулоса расидем, ки бояд дар парламенти Қирғизистон қонуне ба тасвиб расад, ки ба об мақоми моли содиротиро дидҳад. Вай гуфт, дар таҷрибаи байнулмилал чунин ҳолат вуҷуд дорад, вале барои Осиёи Марказӣ ин як кори нав аст.

Кумонбек Боқиев: "Мо камтар аз 25 дарсади обро истифода мебарем, ҳамсояҳои мо барои обе ки аз мо мегиранд, як тин ҳам намедиҳанд. Мо ба ҷойи онҳо пул медиҳем. Ва ба назарам, мо ба ҳамин гуна қонуни об эҳтиёҷ дорем. Агар мо обро тибқи ин қонун дуруст истифода кунем, иқтисодиёти Қирғизистон пешрафт ба даст хоҳад овард. Роҳи дуруст ин аст, ки Ӯзбакистон ё Қазоқистон ва ё ҳар кишвари дигар дар асоси баробарӣ бо мо муносибат кунанд. Одамон фикр мекунанд, обро худо додааст ва бо он мешавад, ҳар коре ки хост кард, онро мешавад, ҳар тавре ки хост, истифода бурд. Ин дуруст нест."

Сарвазири Қирғизистон дар сӯҳбат бо хабарнигорони мо инчунин ба масъалаи аломатгузории марз миёни кишвараш ва Ӯзбакистону Тоҷикистон дахл карда, гуфт, сарҳади Қирғизистону Чин бо ҳамон соддагие, ки дорад дар ҳафт сол аломатгузорӣ шуд, аммо марз бо Ӯзбакистон ва Тоҷикистон хеле мураккаб аст ва ҳарбӣ шудани марз гуфтушунидҳоро боз ҳам печидатар кардааст.

Кумонбек Боқиев: "Сарҳад бо Ӯзбакистон ва Тоҷикистон хеле омехта аст ва печухамҳои зиёд, ҳудудҳои дохилиҳамрафтаи зиёд дорад. Ин бисёр мавзӯъи мушкил аст. Ман фикр мекунам, бунёди посгоҳҳо ва гузоштани марзбонон дар ҳами ин марзҳо кори бефойида аст. Мо бояд аз ҳамаи ҳудудҳои дохилиҳамӣ марзбонҳоро берун гирем ва танҳо погоҳҳои гумрукӣ гузорем ва барои ҳаракати озоди мардум дар ин қаламравҳо шаройити хубу муносиб ба вуҷуд орем."

Аммо, изофа кард, сарвазири Қирғизистон Кумонбек Боқиев, ин шояд кори мушкил бошад, зеро эҳтимолан ҳаракати исломии Ӯзбакистон имсол ҳам ба ин марзҳо ҳамла кунад. Ягона чизи мусбат дар ин замина он аст, ки гуфт сарвазир, омодагии Қирғизистон ба чунин рӯйдод назар ба солҳои гузашта беҳтар мебошад ва ба ҳамлаварон ҷавоби қатъӣ дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG