Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ



Салими Аюбзод

Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар Бишкек лоиҳаи Аҳдномаи истифодаи захираҳои оби минтақаро таҳия мекунанд.



Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон нишасти дурӯзаи ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон оғоз ёфт, ки дар он тарафҳо масъалаи истифодаи захираҳои обро дар минтақа барои тобистони мушкили имсола баррасӣ карданд. Хушксоли гузашта ва иҳтимоли такрори ин ҳолат дар соли 2001 масъалаи таъмини обро дар ҳамаи минтақа ба мушкили ҷиддӣ табдил додааст. Ҳайъатҳо дар Бишкек қарор аст, пешнависи созишномаи минтақавии тақсими захираҳои оби Осиёи Марказиро таҳия мекунанд ва дар ин маврид Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун соҳибони манобеъи асосии оби минтақа бартарӣ доранд. Интизор меравад, ки пешнивиси созишномаи чаҳорҷониба баъди баррасӣ дар ҳар яке аз кишварҳои марбута, аз тарафи сарвазирони ин чаҳор давлат ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG