Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Вазъи озодии матбуот дар Осиёи Марказӣ ташвишовар аст



Саиди Сабоҳ

Ба гуфтаи раиси бахши озодии матбуоти дар назди САҲА ҷаноби Фраймут Дуве кишварҳои Созмони Ҳамкорӣ ва Амнияти Аврупо бояд озодии матбуотро ҷузъи қонунҳои асосии хеш бисозанд.



Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо двр соли 2001-ум озодии матбуотро дар феҳрасти аввали кори худ гузошт ва яке аз далелҳои баргузории семинари 12-13 моҳи март дар Вена ҳам маҳз расондани ин пайғом ба кишварҳои узви ин созмон ба шумор мерафт. Ба гуфтаи раиси бахши озодии матбуот дар назди САҲА Фраймут Дуве кишварҳои ин созмон бояд озодии матбуотро ҷузъи қонунҳои асосии хеш бисозанд. Вале як шумор аъзоъи нав монанди ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ҳанӯз ҳам матбуоти озодро таҳти фишор қарор медиҳанд. Ба хотири кумак ба ҳалли ин душвориҳо САҲА дар соли 1997 идораи озодии матбуотро ташкил дод, ки акнун нависанда ва сиёсатмадори ботаҷрибаи олмонӣ ҷаноби Дуве масъулияти ин бахшро бар ӯҳда дошта ва бо роҳҳои мухталиф саъй мекунад, ки дар маолики, ки тоза узви САҲА шудаанд, озодии матбуот таъмин шавад.

Мо бо ҷаноби Дуве дар бораи шароити матбуоти озод дар кишварҳои Шӯравии собиқ сӯҳбат намуда аз ӯ савол кардем, ки мушкилоти ин мамоликро шарҳ диҳад:

"Ба ақидаи мо дар ин ҷо як тазод вуҷуд дорад: Рушди сариъи профессионалишми журналистони ҷавон аз як тараф ва ҳаяҷону нигаронии роҳбарони сиёсӣ аз ҷониби дигар. Марҳилаи хориҷ намудани матбуот ва радио ва телевизион аз дасти давлат як барномаи тарҳрезишуда набуд, балки як ҳаракати ҳаяҷонӣ буд. Чизе, ки мо мебинем ин аст, ки матбуот ҳанӯз ҳам дар бисёр манотиқ матбуоти давлатист. Ин хеле бад мебошад. Баъзе ҳукуматҳо фикр мекунанд, ки бояд аз роҳҳои мухталиф барои маҳдуд сохтани матбуот истифода баранд. Таҳти фишори байналмилалӣ онҳо иҷоза надоранд, ки аз санзураи мустақим кор гиранд. Ин ҳолат, яъне сензураи мустақим то ҷараёни "гласност" таври ҷиддӣ давом мекард. Аммо имрӯз онҳо равишеро пеш гирифтанд, ки мо онро сезураи идоравӣ мешуморем. Яъне онҳо бо баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла иҷораи идора, андош ва тамоми дигар баҳонаҳои идорӣ болои бахшҳои матбуот фишор оварда иқдомоти қонуниро ба пеш гирифта мехоҳанд журналистонеро, ки саъй доранд вазифаи худро ҳамчун журналисти танқидӣ анҷом диҳанд, таҳти фишор қарор доранд."

Дар саволи баъдӣ аз ӯ пурсидем, ки вазъи озодии матбуот дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки ҳамакнун узви САҲА ҳастанд, чӣ гуна аст? Мушкилот дар инҷо то чӣ ҳад домангири журналистони озод шуда ва матбуот таҳти чӣ навъ фишор қарор мегирад?

Фраймут Дуве гуфт: "Бале, мо бо баъзе мушкилот рӯ ба рӯ мебошем. Мо соли гузашта дар Душанбе як конфронси хеле нағзро баргузор намудем, ки дар он журналистон аз тамоми ҷумҳуриҳо даъват шуда буданд. Як ҷумҳурӣ, ки бештар ба салтанат табдил шудааст, Туркманистон мебошад, ки журналистони худро иҷоза надод, ки дар ин конфронс саҳм гиранд. Туркманистон як узви САҲА мебошад ва ман шахсан дар ин робита ба ҳукумати кишвар эътироз намудам. Ҳатто дар баъзе ҷумҳуриҳое, ки мо фикр мекардем фазо нағз мебошад, дар он ҷо ҳам дарк кардем, ки баъзе президентҳо намехоҳанд таҳти танқид қарор гиранд. Пас мо як тасвири душвор дорем ва бисёр мушкилот зуҳур мекунанд. Дар Узбакистон ҳам мо тасвири хеле бад дорем. Ҳамзамон бо ин, мо журналистони шуҷоъро мушоҳида мекунем, вале мушкил ин аст, ки баъзе аз ин журналистони диловар фикр мекунанд, ки кишварро бояд тарк кунанд ва баъзеҳо мамлакатро тарк намудаанд. Аз ин сабаб ман гуфта наметавонам, ки дар Осиёи Марказӣ тасвир умуман мусбат аст. Нуқтаи мусбат ба ақидаи ман ин буд, ки журналистоне, ки ба конфронси Душанбе даъват намуда будем бо шаҳомат сухан гуфта ва озодона ҳамкорӣ карданд."

Мо аз ҷаноби Дуве дар бораи вазъияти матбуоти озод ва фишор болои журналистон ва нашриёт дар Тоҷикистон савол намудем. Ӯ аз шарҳи мавзӯоти мушахас худдорӣ карда қайд намуд:

"Ҳамчун раиси бахши озодии матбуот дар САҲА ман намехоҳам бидуни муқаддима дар бораи як кишвар қазоват кунам. Ба ақидаи ман суханҳои умумие, ки ман баён кардам дар робита бо Тоҷикистон низ ҳақиқат дорад. Мо бидуни шак дар ин ҷо мушкилоте дорем, ки болои матбуот таъсир мегузаронад. Аммо ин қабл аз вақт хоҳад буд, ки ман бидуни баррасии қаблӣ хулосагирӣ намоям. Дар баъзе аз ин кишварҳо қонуни асосӣ таврест, ки муҷозоти журналистонро осон месозад, аз ҷумла қонун таҳти унвони тавҳини роҳбарон ва ё кормандони давлат. Дар сурати чунин иддао додситонҳо таҳти шароити қонуни ҷиноят алайҳи журналистон иқдом мекунанд. Баъзе журналистон ба ҳабс маҳкум мешаванд ва баъзан ҳам шабакаҳои матбуоти озод бояд ҷаримаи газоф бипардозанд, ки ин амал онҳоро ба суқути молӣ рӯ ба рӯ месозад."

Бино ба суханони ҷаноби Дуве дар баъзе мамолик фишор болои журналистон бо шиканҷаву ҳабс шурӯъ шуда ва дар сурати ифрот сабаби қатли журналистон ҳам мегардад. Ӯ гуфт, ки ин гуна ҳаракатҳо бояд дар кишварҳои узви САҲА қатъ гарданд.

XS
SM
MD
LG