Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи ташкили пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Тоҷикистон



Владимир Давлатов

Таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи Ҷангу Сулҳ дар Иёлоти Муттаҳида, бар ин аст, ки ҳузури низомии Русия ҳарчанд бар асари пирӯзиҳои ахири Толибон ва масъалаи амният заминаи ҳуқуқӣ меёбад, барои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов як навъ гарави ҳукмронӣ ба шумор меравад.

Ҳафтаи гузашта Думаи давлатии Русия нақшаи таъсиси пойгоҳҳои ҳарбии Русияро дар Тоҷикистон ба тасвиб расонд ва ба ин тариқ заминаи ҳуқуқии ташкили базаҳои ҳарбии Русия дар Тоҷикистон омода гардид. Созишномаи ташкили чунин пойгоҳҳо аз тарафи президентҳо Борис Елтсин ва Эмомалӣ Раҳмонов дар моҳи апрели соли 1999 ба имзо расида буд. Эҳтимол меравад, ки тибқи санади мазкур фирқаи дусаду якуми Русия дар Тоҷикистон асоси ин пойгоҳҳоро ташкил дода, шаш ҳазор ҳарбии Русия дар ин фирқа ба ҳайси аввалин бахш дар он ҷой дода мешаванд. Фирқаи дусаду якум дар моҳи июни соли 1997, баъди имзои созишномаи сулҳи тарафҳои тоҷик мандати посдории сулҳро аз даст дод ва аммо бидуни заминаҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон боқӣ монд. Як шореҳи ҳарбии Русия гуфт, танҳо акнун, бо тасвиби паймони ташкили пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, ҳузури ин фирқа дар як давлати мустақили Осиёи Марказӣ пояи ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳузур барои чанд муддат пешбинӣ шудааст. Нақшаи бистсола мавриди ихтилофи назарҳо шуд ва манбаъҳо мегӯянд, алҳол ҳузури нирӯҳои Русия дар Тоҷикистон барои даҳ сол тарҳрезӣ шудааст, ба шарти тамдиди ин созишнома. Ба назар мерасад, фирқаи 201 ҳамоно дар маркази шаҳри Душанбе боқӣ хоҳад монд, зеро президент Раҳмонов орзуманди ин аст, ки чунин нирӯро дар наздики худ дошта бошад ва Русия гумон аст, ба хуруҷи ин нирӯ аз пойтахти Тоҷикистон ва иваз кардани ҷойи он ба минтақаи дуртар розӣ шавад. Шореҳи ҳарбии Русия бар ин бовар аст, ки андешаи таъсиси пойгоҳи низомии Маскав бар асари ғалабаҳои ахири ҷумбиши Толибон дар Афғонистон ба миён омадааст. "Русия ба ҳузури ҳарбӣ дар Тоҷикистон ниёз дорад, зеро таҳти Толибон дар минтақа хеле ҷиддӣ мебошад", мегӯяд ин шореҳ ва меафзояд, на танҳо ҳамлаи эҳтимолии Толибон ин хатарро иҷод кардааст, балки ду ҳуҷуми мусаллаҳони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки бо толибҳо дар робита буда, ба Қирғизистону Ӯзбакистон ҳамла овардаанд, ба таври кофӣ таҳдиди ҷиддӣ ба амният мебошанд. Вай мегӯяд, ҳам Тошканд ва ҳам Бишкек дар пайи кӯмаки ҳарбӣ ба Русия муроҷиат кардаанд. Ҳарчанд нирӯҳои Русия дар амалиёти зидди ин гурӯҳ дар Ӯзбакистон ва Қирғизистон ширкат надоштаанд, иҳтимоли дахолати онҳо ба вазъият дар ҳолати фавқулодда мавҷуд будааст. Шореҳи ҳарбӣ мегӯяд, ҳузури ҳарбии Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ даркор аст, ки ҳанӯз ҳам дар баробари иҳтимоли табаддулоти давлатӣ камнирӯ боқӣ мемонад. Оппозисюни собиқ аз тақсими қудрат ва дигаргуниҳо дар ҳукумат асабонӣ мебошад ва ҳамчунин полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев барои ҳамлаи худ пайти муносибро интизор аст. Хадамоти амнияти Тоҷикистон гуфтааст, Худойбердиев ҳоло дар Ӯзбакистон пинҳон шудааст ва нақшаи табаддулоти ҳарбиро таҳия мекунад. Шореҳи Русия гуфтаҳои худро ба ин тариқ хулоса мекунад, ки танҳо ҳарбиёни Русия хоҳанд тавонист, қудрати президент Раҳмоновро таъмин кард ва нагузошт, ки ҳукумат аз тарафи Худойбердиев ва ё норозиёни оппозисюни собиқ ғасб карда шавад. Шореҳи пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Иёлоти Муттаҳида дар поёни таҳлили худ менависад, ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон дар минтақа мухолифони худро дорад, ки яке аз онҳо Ӯзбакистон мебошад. Тошканд, ки дар гузашта рӯйи Тоҷикистон таъсири азиме дошт, ҳоло аз муносибатҳои Тоҷикистону Русия норозист ва аз иҳтимол дур нест, ки дар муқобили пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ба таъсиси пойгоҳҳои НАТО дар қаламрави худ ризоият диҳад. Бо вуҷуди ин шореҳи мазкур бовар дорад, ки то таҳдиди Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар минтақа мавҷуд аст, Тошканд ба ҳамкории ҳарбии Русия ниёзманд боқӣ хоҳад монд ва дар ҳолати фавқулодда аз кӯмаки ҳарбии Маскав истифода хоҳад бурд. (Аз маҷаллаи электронии Евразиянет, баргардони Салими Аюбзод)

XS
SM
MD
LG