Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон бо низоми авторитарие идора мешавад, ки зоҳиран баъзе институтҳои демократиро бунёд кардааст."



Департаменти Давлатии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико

Департаменти Давлатии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар гузориши худ менависад, Тоҷикистон бо низоми авторитарие идора мешавад, ки зоҳиран баъзе институтҳои демократиро бунёд кардааст. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов ва атрофиёнаш, ки зодагони минтақаи Кулоб мебошанд, дар ҳукумати кишвар аксариятро ташкил медиҳанд.



Департаменти Давлатии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар гузориши худ менависад, Тоҷикистон бо низоми авторитарие идора мешавад, ки зоҳиран баъзе институтҳои демократиро бунёд кардааст. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов ва атрофиёнаш, ки зодагони минтақаи Кулоб мебошанд, дар ҳукумати кишвар аксариятро ташкил медиҳанд. Аммо базаи маҳдуди ҷонибдорон ба у имкон намедиҳад, ки тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат дошта бошад. Моҳи ноябри соли 1999 Эмомали Раҳмонов дубора ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Ин маърака бо конуншиканӣ ҷараён гирифт ва озоду одилона набуд. Дератаменти давлатии Амрико дар гузориши солонаи худ менависад, тибқи созишномаи сулҳ, ки ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошт, баъзе намояндагони оппозитсиюн курсиҳои худро дар ҳукумат ҳифз кардаанд. Дар интихоботи парлумонии моҳи ноябри соли 1999, ки низ одилона набуд, ҷонибдорони президент Раҳмонов аксари курсиҳоро дар парламент ба даст оварданд. Якчанд аҳзоби кишвар иҷоза гирифтанд, ки дар интихобот ширкат кунанд. Аммо танҳо ба як ҳизб муяассар шуд, ки ду ҷойро дар Маҷлиси намояндагон дастрас кунад. Бо вуҷуди он ки Қонуни Асосии Тоҷикистон соли 1994 қабул шуда, соли 1999 ба он баъзе тағйиротҳо ворид гардид, тасмими қабули қарорҳо мамулан ба бозиҳои сиёсӣ байни гуруҳҳое марбут мешавад, ки қаблан дар замони ҷанги дохилӣ иттифоқчии тарафи муқобил буданд, аммо акнун дар ҳукумат ширкат доранд. Меросе, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондааст, ба фаъолияти ҳукумат, ки ҳануз дар заминаи ҳамоиши собиқ размандагони оппозитсиюн ва ҷори намудани тартибу низом мушкилот дорад, таъсир мерасонад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҷиноҳҳои мусаллаҳи рақиб барои нуфуз бо ҳам вориди сабқат шудаанд. Ба навишатаи Департаменти Давлатии Амрико Қонуни Асосии Тоҷикистон озодии сохтори додгоҳиро таъмин мекунад. Аммо ин ниҳод дар амал озод нест. Вазоратҳои дохилӣ, амният ва дифоъ масъулияти таъмини амният дар кишварро ба душ доранд. Аз суи дигар ҳукумат зимоми фармондеҳонеро, ки нируи низомиро ҳамчун моли шахсӣ истифода мекунанд, дар даст надорад. Баъзе манотиқи кишвар аз назорати ҳукумат берун мондаанд. Низомиёни баъзе фармондеҳон дар ҷинояткорӣ ва коррупсия даст доранд. Департаменти Давлатии Амрико дар гузориши худ овардааст, дивизияи 201 уми Русия, бахше аз нируҳои посдори сулҳи кишварҳои Муштаракулманофеъ, ки соли 1993 таъсис ёфт, дар кишвар боқӣ мондааст ва ба равандҳои сиёсӣ таъсир дорад. Ин лашкар акнун дар асоси қарордоди дуҷониба ба пойгоҳи низмӣ табдил меёбад ва баъди итмоми мандати нируҳои посдори сулҳ дар Тоҷикистон, моҳи сентябр, ба муддати тулонӣ дар кишвар боқӣ хоҳад монд. Гузориш меафзояд, ки баъзе аз намояндагони нируҳои амниятӣ ва низомиёни ҳукуматӣ ҳуқуқи инсонро дар кишвар ҷиддан поймол мекунанд. Иқтисоди Тоҷикистон, ки таҳти назорати ҳукумат қарор дорад, гузариши душвореро ба иқтисоди бозаргони тай мекунад. Бахши бузурги нируи корӣ ба соҳаи кишварзӣ сафарбар шудааст, зеро даромади аслии ҳукумат ба маҳсулоти асосии он - пахта сахт бастагӣ дорад. Дар соҳаи саноати Тоҷикистон, ки чандон бузург нест, истеҳсоли алюминий яке аз бахшҳои дигари даромади ҳукумат номбар мешавад. Корхонаҳои дигар, ки аз замони шуравӣ боқӣ мондаанд, бо ҳадди ақали тавоноӣ фаъолият мекунанд. Гузориши Департаменти Давлатии Амрико дар робита ба раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ менависад, фаъолият дар ин самт асосан дар бахшҳои хурд ҷараён гирифт ва 80 дар садро ташкил дод. Аммо дар бахши хусуси намудани саноати вазнин татбиқи ин раванд 16 дар сад аст. Тиҷорати аслӣ ва соҳаи нақлиёт ҳануз таҳти назорати ҳукумат қарор дорад. Гузориш меафзояд, Тоҷикистон кишвари қашшоқ аст ва ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, даромади солонаи аҳолӣ ҳамагӣ 290 долларо фаро мегирад. Футури сохтори иқтисоди шуравии собиқ, густариши қочоқи маводи мухаддир ва равнақи коррупсия дар Тоҷикистон бо якдигар ҷур шудаанд. Ин раванд аҳолиро ба ду қишр тақсим карда, фарқияти зиндагии сахти бахши бузурги мардум ва сарватмандии гуруҳи собиқ фармондеҳони ҳукумат ва оппозитсиюнро нишон медиҳад, ки қисматҳое аз бахши қонунӣ ва ҷиноии иқтисодро таҳти назорат гирифтаанд. Сатҳи риояи ҳукуки башар дар Тоҷикистон ниҳоят поин аст ва ҳукумат ҳануз барои ба таври ҷиддӣ поймол шудани ҳуқуқи инсон шароитро фароҳам мекунад. Департаменти Давлатии Амрико дар гузориши худ менависад, интихоботи парлумонии моҳи феврал барои шаҳрвандон ҳамчун шанси тағйири ҳукумат буд. Аммо ҳуқуқҳои интихоботии онҳо ҳамчунон маҳдуд боқӣ монданд. Департаменти Давлатии Амрико меафзояд, баъзе намояндагони нируҳои ҳифзи тартибот ва амният дар кушторҳо даст доранд. Ҳодисаҳои беномунишон шудани шаҳрвандон низ мавҷуданд. Муҳофизони тартибот ва амният ба шиканҷа ва латту куби боздоштшудагон идома медиҳанд. Ин нируҳо ҳамчунин дар ғорат ва поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандон масъул номбар мешаванд, ки умдатан беҷазо мемонанд. Баталонҳои низомии ҳукумат асосан амри фармондеҳони худро иҷро мекунанд. Ҳукумат бо чунин иттиҳом якчанд нафарро ба додгоҳ кашид. Ба гуфтаи Департаменти Давлатии Ийолоти Муттаҳида, вазъи зиндонҳои Тоҷикистон сангин аст ва барои зиндагии маҳбусон хатар дорад. Дар Тоҷикистон таҷрибаи боздоштҳои тасодуфи, ва боздошт бо иллатҳои сиёси идома дорад. Баъзе боздоштшудагон бидуни риояи қонун, то мурофиъаи додгоҳ муддатҳои тулонӣ дар зиндон нигоҳ дошта мешаванд ва сохторҳои судӣ зери фишори сиёсӣ ва низомӣ қарор доранд. Департаменти Давлатии Амрико мегуяд, Ҳукумати Тоҷикистон озодии баёнро шадидан маҳдуд кардааст ва матбуоти электрониро таҳти назорат дорад. Намояндагони оппозитсиюн ба радио ва телевизони давлатӣ дастрасӣ надоранд. Аммо як рузномаи оппозитсиюни аз соли 1998 боз чоп мешавад ва як қатор телевизионҳои хурд аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ пахш мешаванд. Таҷрибаи худсонсурии журналистон дар Тоҷикистон фаровон истифода мешавад. Ҳукумат фаъолияти ташкилотҳои сиёсиро контрол мекунад. Фаъолияти се ҳизби сиёсӣ қатъ гардида, аз сабти номи бархи дигар ҷилавгирӣ шудааст. Як қатор номзадҳо ба интихоботи парлумони роҳ наёфтанд. Дар масъалаи озодии виҷдон, ҳаракати озод низ баъзе маҳдудиятҳо вуҷд доранд. Бо вуҷуди он ки ҳукумат таъсиси мақоми ҳомии ҳукуки башар ва ё омбусманро дар соли 1996 ваъда дода буд, вале ҳануз аз татбиқи он худдорӣ мекунад. Ба навиштаи Департаменти Давлатии Амрико хушунат алайҳи занон ва поймошавии ҳуқуқи маъюбон, ақалиятҳои динӣ ва қавмӣ дар Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Баъзе собиқ нируҳои оппозитсиюн дар ҷиноятҳои ҷидди аз қабили куштор ва рабудани шаҳрвандон даст доштанд. Гузоришҳои муътамад ишора ба он мекунанд, ки нируҳои ниманизомӣ бо тарсонидан, озору азият ва ғорати аҳолии осоишта ҳуқуқи онҳоро помол мекунанд.

XS
SM
MD
LG