Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳамияти стратегии Осиёи Марказӣ афзоиш меёбад



Ҷеӣмс де Темпл

"Маскав зоҳиран аз густариши таваҷҷӯҳи Амрико ба Осиёи Марказӣ ташвиш дорад. Тамринҳои ҳарбиро, ки Русия бо ширкати қариб ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо мекунад, метавон чун афзоиши ҳузури низомии Маскав дар ин минтақа арзёбӣ кард." Таҳлили нашрияи електронии ЕвразияНет.

Чанде қабл вазирони умури дифоъи Тоҷикистон ва русия, Шералӣ Хайруллоев ва Игор Сергеев дар Маскав бо ҳам вохӯрда, масоили ҳамкориҳои ҳарбиро миёни ду кишвар баррасӣ намуданд. Ин мулоқот танҳо баъди чанд рӯзи боздиди мақоми умури дифоъи Амрико Ҷефрӣ Стар аз Тоҷикитосн, ба вуқӯъ пайваст. Нашрияи електронии ЕвразияНет менависад, ин нукта нишон медиҳад, ки Маскав зоҳиран, аз густариши таваҷҷӯҳи Амрико ба Осиёи марказӣ ташвиш дорад. Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳол дар хоки он нируҳои мусаллаҳи Русия мустақар мебошанд. Илова бар ин, Тоҷикистон дар машқҳои муштараки ҳарбии минтақа, ки бо ташаббуси Русия мегузаранд, ширкати фаъол дорад. Ҷумҳурии дигари минтақа, Ӯзбакистон танҳо дар машқҳое шикарт кард, ки дар қаламрави худи он барпо гардиданд. Шояд тасодуфӣ набуд, ки машқи ахири муштарак гӯё ба мақсади ҷилавгирӣ аз ҳуҷуми гурӯҳҳои террорист ба хоки Ӯзбакистон, аз тариқи Тоҷикистон, тарҳрезӣ шуд. ЕвразияНет менависад, чунин тамринҳои ҳарбиро, ки Русия бо ширкати қариб ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо мекунад, метавон, чун афзоиши ҳузури низомии Маскав дар ин минтақа арзёбӣ кард. Русия ва Тоҷикитосн нишон медиҳанд, ки ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикитсон, масалан, марзбонони рус дар сарҳадди тоҷику афғон дар муқобили қочоқи маводи мухаддира аз Афғонистон ва ҳам ҳуҷумҳои бунёдгароён ба минтақа, муҳим аст. Мақомоти ИМ низ ҳушдор доданд, ки Осиёи Марказӣ дар муқобили хатари терррозими байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддира осебпазир аст. Раиси хадамоти истихбороти ИМ, ё худ, ЦРУ, Ҷорҷ Тенет ҳангоми суханронӣ дар Сенати Амрико гуфт, ки дар ин минтақа, хатари маводи мухаддира бо хатароти дигар якҷо мешавад. Масалан, режими Толибон, ки ба Осама Бин Лоден ва дигар террористони хориҷӣ паноҳ додааст, аз тиҷорати нашъа фоида мебинад. Баъзе гурӯҳҳои исломӣ афзоиши қочоқи нашъаро чун силоҳе ба зидди Ғарб мешуморанд. Ҷорҷ Тенет илова кард, фаъолияти Ҷумбиши Исломии Ӯзбакитосн, ки сол ба сол бештар ва ба хун олудатар мешавад, боиси нигаронии зиёд аст. Ба ин тариқ, Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбакистон бо дар назардошти мавқеъи ҷуғрофиашон, ҳарчи бештар аҳамияти стратегӣ касб мекунанд. Зеро ин ҷумҳуриҳо дар муқобили хатароте, ки аз Афғонситон меянд, як минтақаи ҳоил, ё худ шояд як сипар мебошанд. ИМ ба барномаҳои Ӯзбакистону Қирғизистон барои таҳкими марз кӯмак мекунад. Сафари Ҷефрӣ Стар ба Душанбе нишон медиҳад, ки аҳамияти стратегии Тоҷикитосн низ афзоиш меёбад. Мутахассисони бахши дифоъ ва амният Тоҷикитоснро чун ҳалқаи заифтарини ин занҷир мебинанд. Сафари Ҷефрӣ Стар метавонад, дарвозаро барои оғози ҳамкориҳои муҳими Тоҷикистону Амрико дар масоили амнияти марз ва мубориза зидди интиқоли силоҳи биологиву кимиёвӣ боз кунад. ЕвразияНет мақолаи худро чунин хулоса мекунад: ҳамкории Душанбе, Тошканд ва Бишкек алайҳи хатароти амниятӣ ба минтақа ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо, ин муборизаро дар Осиёи Марказӣ муваффақтар месозад.

(Аз: ЕвразияНет, 22.2.2001, тарҷима: Холидаи Қодир)



XS
SM
MD
LG