Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агентии Тараққии Байналмилалии Канада барои ҳамоиши сарбозони ихтисоршудаи Тоҷикистон 370 ҳазор доллар ҷудо мекунад



Хоҷаи Мирзода

"Ҳамоиши силоҳбадастони ҳар ду ҷониби низоъ ба ҳаёти осоишта эҳтимоли сар задани ҳар гуна нооромиҳо ва эҷоди мушкилот дар татбиқи созиши сулҳро аз байн мебарад."

"Агар сулҳ хоҳӣ ба ҷанг омода бош!" Ин шиори яке аз фармондеҳони машҳури гузашта дар асри нав ба фикри коршиносони СММ бояд шакли дигар бигирад: "Агар сулҳ хоҳӣ ҷанговаронро бо кор таъмин намо!"

Размандаи собиқи Иттиҳоди Неруҳои Мухолифин Душанбе Саидаҳмадов тобистони гузашта бо фармони президенти Тоҷикистон оиди қатъи хидмати шартномавӣ дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба истеъфо фиристода шуд. Душанбе Саидаҳмадов мегӯяд ӯ ва ӯ барин сарбозони собиқ пул надоранд ва барои таъмини рӯзгори худ ба ҳар гуна амал даст зада метавонанд: "Бекорам. Пул нест, чӣ кунам? Кам-кам пул мегирифтем ҳозир бекораем. Боз ана ин корҳо сар мешаванд...ҷангу ҷадал. Хайр чӣ кор кунем?"

Ба сӯҳбат размандаи собиқ Бекмаҳмад ҳамроҳ мешавад. Онҳо баъди имзои созиши умумии сулҳ ва оштии миллӣ дар баталиёни рақами 45065и Вазорати Вазъиятҳои Фавқулодда сабти ном шуда буданд. Бекмаҳмад мегӯяд: "Мо тақрибан 160 кас дар ҳамон баталиён будем, вале бо фармони президент 66 хидматчии қарордодӣ ихтисор гардиданд, ки тақдири онҳо ҳеҷ ҳал нагардидааст."

Дар як гузориши СММ, ки ҳафтаи гузашта зери унвони "Беруншавӣ аз Бесарусомонӣ" ба нашр расид, гуфта мешавад: "Ҳамоиши силоҳбадастони ҳар ду ҷониби низоъ ба ҳаёти осоишта эҳтимоли сар задани ҳар гуна нооромиҳо ва эҷоди мушкилот дар татбиқи созиши сулҳро аз байн мебарад." Муаллифи гузориши СММ Ҷон Дарбӣ дар тӯли панҷ сол кӯшишҳои бунёди сулҳ дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, низоъи баскҳои Испания, Шриланка, Ирландияи Шимолӣ ва баҳси Исроилу Фаластиниро таҳқиқ намудааст.

Аз 38 созиши сулҳе, ки дар байни солҳои 1988 то 1998 ба имзо расидаанд, СММ дар 16 ҳодиса нақши миёнаравро иҷро кардааст. Аз ҷумла дар соли 1997 зери сарпарастии СММ созиши умумии сулҳ ва оштии миллӣ имзо шуда, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба поён расид. Бе кумаки молии СММ, муассисаҳои байналмилалии моливу башардӯстона ва ёриҳои кишварҳои донор татбиқи амалии созиши сулҳ ва эҳёи иқтисоди ҷумҳурии ҷангзада муддати тӯлониро дар бар мегирифт.

Ҳафтаи гузашта Агентии Тараққии Байналмилалии Канада эълом дошт, ки барои ҳамоиши сарбозони ихтисоршудаи вазоратҳои интизомии Тоҷикистон 370 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо Вазорати Меҳнат ва Ҳифзи Иҷтимоии Аҳолӣ татбиқи барномаи ҳамоиши мусаллаҳони собиқ ба ҳаёти осоиштаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе оғоз намуд. Дар ин барнома тахминан 400 сарбози шартномавӣ, ки тобистони соли гузашта бо фармони президенти Тоҷикистон ба истеъфо фиристода шуда буданд, шомил хоҳанд буд. Онҳо таълими махсус гирифта, сипас барои ташкили бизнеси хусусӣ қарз ба даст меоранд. Дар интихоби номзадҳо барои ширкат дар барномаи ҳамоиши сарбозони собиқ чӣ имтиёзҳо ва ё бартариҳое мадди назар гирифта мешаванд? Умуман, кӣ ва бо кадом роҳ метавонад ба барномаи мазкур шомил шавад? Игор Боск сарвари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: "мо ба он шахсоне, ки қаблан сарбози шартномавӣ буданд, бартарӣ медиҳем. Қарзҳо аз ихтисоси кор вобаста аст."

Оё миқдори қарз барои ҳар як шахс ва ё оила чӣ қадар хоҳад буд? Игор Боск мегуяд, ин вобаста ба интихоби кор аст. Қарзҳое ҳастанд, ки бо воситаи таҷҳизот аз 100 то 1000 доллари амрикоӣ иборат мебошанд.

Оё одамоне, ки қарз ба даст меоранд маҷбур ҳастанд қарзҳоро баргардонанд? Ба гуфтаи сарвари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, размандагони собиқ маҷбур ба бозпардохти қарзҳо ҳастанд, то Созмони Байналмилалии Муҳоҷират битавонад дар ояанда ба одамони дигар ҳам қарз диҳад.

Ба гуфтаи Игор БОСК сарвари Идораи Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон "Ин барнома ҳамагӣ як ҳафта пеш шурӯъ шуд ва мо дар оғози кор қарор дорем. Пас аз як моҳ рӯйхати номзадҳо танзим хоҳад шуд."



XS
SM
MD
LG