Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳюман Райтс Вотч: ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳуқуқи шаҳрвандони худро ба таври афзоянда поймол мекунанд



Соҷидаи Мирзо

"Саркуби соли гузаштаи мухолифин аз ҷониби ҳукуматҳо, бадтар аз хатари Толибони афғон буд."

Мутахасиси созмони байналмилаии Ҳюман Райтс Вотч Касандра Каванаф мегуяд, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳуқуқи шаҳрвандони худро ба таври афзоянда поймол мекунанд. Ба гуфтаи Каванаф ин амал, тасодуф ва ё гайритасодуф, ба амнияти ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ таъсири бад мерасонад. Касандра Каванаф, ки вазъи ҳуқуқи башарро дар ин кишварҳо назорат мекунад, гуфт, хатаре, ки аз саркубшавии рақибони сиёсии ҳукуматҳо барои амнияти кишварҳо эъҷод мешавад, аз хатаре ки Толибони афғон эъҷод кардаанд, бештар аст. Каванаф бештар ба вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон тамаркуз дод, ки баъди ҳодисаҳои ҳуҷуми ҷангиёни исломии узбак ба Сурхандарё ва Сариосиё, теъдоди зиёди сокинони деҳнишинро аз маҳалли зисти онҳо беҷо кард. Ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳамчунин барои минанкории марзи худ ва шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ мавриди ташвиши созмони Ҳюман Райтс Вотч шудааст.

XS
SM
MD
LG