Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигаргуниҳои нав дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон



Мирзои Салимпур

Бо фармони президент Э. Раҳмонов раиси Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" М. Мастонгулов ва раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон М. Ҳабибов аз вазифа барканор шуда, Ш. Мирзоалиев, собиқ муовини вазири нақлиёт райиси Ширкати ҳавоӣ ва М. Нуралиев райиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон таъйин шуданд.



Дар нишасти махсуси ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи шанбе, натиҷаҳои умумии соли 2000ум ҷамъбаст ва вазъи риштаҳои асосии иқтисодиёт баррасӣ шуда, раванди ислоҳи сохтори идории кишвар идома пайдо кард. Бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмонов раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Мирзо Мастонгулов ва раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Муҳаммад Ҳабибов аз вазифа барканор шуда, Шодимат Мирзоалиев, собиқ муовини вазири нақлиёт райиси ширкати ҳавоӣ ва Маҳмуд Нуралиев райиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон таъйин шуданд. Дар ҳамин нишаст эълон шуд, ки райисони навоҳии Фархор, Ғозималик, Бешканд ва Хоҷамастон бо назардошти камбуди кор аз мақомҳои худ сабукдӯш гардиданд. Барои тақвияти Раёсати нави назорати молиявии назди президент, ки ба он иқтисодшинос Шарифҷон Раҳимов сарварӣ мекунад, нойиби вазири доройии давлатӣ Шариф Муллоев муовини ӯ дар ин раёсат таъйин гардид. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ҳам дар сохтор ва ҳам ҳайъати ҳукумат, аз ҷумла дар сатҳи болоии он, дигаргуниҳои муҳим ба амал хоҳанд омад.

XS
SM
MD
LG