Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон, як "фоҷиаи фаромӯшшуда"



Холидаи Қодир

Намояндагони Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Тоҷикистон бонги изтироб мезананд, ки гуруснагӣ садҳо ҳазор аҳолии ин кишварро ба хатари марг рӯ ба рӯ кардааст.

Намояндагони Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Тоҷикистон бонги изтироб мезананд, ки гуруснагӣ садҳо ҳазор аҳолии ин кишварро ба хатари марг рӯ ба рӯ кардааст. Созмони мазкур мегӯяд, дар манотиқи ҷанубии Тоҷикитосн 482 ҳазор нафар тавони онро надоранд, ки худро бо маводи хӯрока таъмин намоянд. Ба ҳамин теъдод сокинони манотиқи дигари Тоҷикистон низ ба камбуди шадиди озуқа мувоҷеҳ мебошанд. Корманди шӯъбаи Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Қӯрғонтеппа Лайло Аҳадӣ нигарон аст, дар амборҳои ин созмон низ дигар захираи хӯрок ба поён мерасад. Агар онҳо кӯмакҳои иловагӣ ба даст наоваранд, маҷбуранд, ки нимаи феврал фаъолияти худро қатъ намоянд. Раиси намояндагии Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Тоҷикитосн Бучан Ҳоҷ Чих мегӯяд: Мо талош дорем, ба кӯмаки онҳое бирасем, ки аз гуруснагӣ дар ҳоли аз по афтидану ба ҳалокат расидан ҳастанд. Дар шӯъбаи созмони худ дар ноҳияи Қабодиён, ӯ кӯдаконеро нишон медиҳад, ки барояшон дар як рӯз як бор низ хӯрок намерасад. Дар назди дари ин шӯъба дар сардии зимистон садҳо нафар мунтазири ба даст овардани чанд кило гандум ва равған истодаанд. Созмони Ҷаҳонии Озуқа аз кишварҳои донор тақозои кӯмак ба Тоҷикитоснро мекунад. Ҳоҷ Чих мегӯяд, Тоҷикитосн мисли як фоҷиаи фаромӯшшуда аст, бахши бузурги мардуми ҷумҳурӣ дар нодорӣ ба сар мебаранд, вале аксари кишварҳои ҷаҳон аз вазъи он бехабаранд. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, 80 дар сади аҳолии кишвар дар сатҳи поинтарини камбағалӣ аст, 40 дар сад ҷои кор надоранд, шароити бади зиндагӣ боис шудааст, ки танҳо 60 дар сади шогирдони мактабҳои миёна дар дарсҳои худ ширкат кунанд. Дар ҷумҳурӣ аксари кӯдакони то панҷсола нимагурусна ҳастанд. Садҳо бачаи хурдсол бо аробакашиву ҳаммолӣ дар бозорҳо хонаводаи худро бо нон таъмин мекунад. Ассосиэйтед Пресс аз Қабодиён менависд, ки дар воқеъ, ғизои бисёре аз хонаводаҳо танҳо нону чой аст. Ин хабарнигор як сокини шаҳри Душанберо бо номи Бурҳон мисол меоварад, ки бо бо жемпири дарида ва болопӯше, ки занҷирҳояш кандаанд, дар бозор ашёи хонаи худро мефурӯшад. Бурҳон мегӯяд, ки ӯ танҳо каме нону чой мехарад ва вақте гуруснагӣ комилан тоқатфарсо мешавад, ӯ ягон ашёи хонаро фурӯхта, ҳамон рӯз картошка мехарад. Ҳамсӯҳбати дигари хабарнигори хориҷӣ, як зани ҳафтодсола аст, бо номи Рамзия Маннонова. Собиқ ӯ микоробиолог буд, ҳоло дар бозори Душанбе бодиринги шӯр мефурӯшад. Хабарнигор менависад: ин зан як дасткаши фарсуда дораду дасти дигараш аз сармо сурх шудааст, дар пой мӯзаҳои резинӣ дорад, ки зоҳиран, хеле калонтар аз андозаи пойҳои ӯ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ дар сардии зимистон тамоми рӯзро дар бозор мегузаронад ва дар беҳтарин ҳолат, даромади якрӯзаи вай як сомонӣ аст.

XS
SM
MD
LG