Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳрезони чандин сӯиқасд ошкор шуд



Мирзои Салимпур

Вазири умури дохилии Тоҷикитосн Ҳумдин Шарифов: тарҳрезони сӯиқасдҳо ба ҷони собиқ раиси Кумитаи Радиову Телевизиони Тоҷикистон Сайф Раҳим ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро ошкор шудаанд.



Мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо тарҳрезони сӯиқасдҳо ба ҷони собиқ раиси Кумитаи Радиову Телевизиони Тоҷикистон Сайф Раҳим ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро ошкор кардаанд. Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикитосн Ҳумдин Шарифов дар сӯҳбат ба хабарнигори мо иттилоъ дод. Таври маълум, Сайф Раҳим моҳи июни соли гузашта дар назди даромадгоҳи хонаи худ дар Душанбе ҳадафи тир қарор гирифт ва дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон дод. Феврали ҳамон сол дар мошини Маҳмадсаид Убайдуллоев як бомба инфиҷор кард. Шаҳрдор захм бардошт, вале ҳамсафари вай кушта шуд. Акнун, тавре ки вазири умури дохилӣ мегӯяд, масъулини ин сӯиқасдҳо боздошт шудаанд. Вале вазир дар ин бора ҷузъиёти дигар надод.

XS
SM
MD
LG