Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ББА барномаи коҳиши фақр дар Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ мекунад



Мирзонабии Холиқзод

Раиси Бахши Тоҷикистон дар Бунёди Байналмилалии Асъор Тапиё Савалайнин мегӯяд, ки бинобар баъзе нишондиҳандаҳо, Тоҷикистон ба давраи нави тарақиёти иқтисодӣ ворид шуд.

Раиси Бахши Тоҷикистон дар Бунёди Байналмилалии Асъор Тапиё Савалайнин, ки рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонов вохӯрд, мегӯяд, ки бинобар баъзе нишондиҳандаҳо, Тоҷикистон ба давраи нави тарақиёти иқтисодӣ ворид шуд. Ба назари Савалайнин барои эҳёи иқтисодии Тоҷикистон зербинои хуб сохта шудааст. Савалайнин меафзояд, Тоҷикистон давраи баъди ҷангиро дар сулҳу осоиш аз сар мегузаронад. Афзоиши иқтисодӣ ба назар мерасад ва кишвар пули нави миллиро ҷорӣ намуд. Намояндаи ББА барномаи 3 солаи коҳиши фақрро, ки бо кумаки ББА ва Банки Ҷаҳонӣ татбиқ мешавад, хуш қабул кард. Тибқи омори расмии Тоҷикистон афзоиши тавлиди нохолиси миллӣ дар соли 2000-ум 8,3% буда тиҷорати хориҷӣ бо 8% афзоиш ба тахминан 1,5 миллиард доллар баробар шуд.

XS
SM
MD
LG