Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон назорати сарфи маблағҳои давлатиро шадидтар мекунад



Хоҷаи Мирзода

Раиси идораи назорати харҷипулии ҳукумати Тоҷикистон Шариф Раҳимов ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафи ислоҳоти идории ҳукумат ва ниҳоди тозабунёди назорати харҷипулии ҳукумат ҷавоб медиҳад.

Дар асоси муттаҳидшавии вазоратҳову кумитаҳои давлатии Тоҷикистон вазорати нақлиёт, энергетика, иқтисоду савдо, кор ва ҳифзи иҷтимоӣ таъсис ёфтаанд. Раҳбарони солхӯрдаи ниҳодҳои мухталифи ҳукуматӣ ба истеъфо фиристода шуданду ба ҷои онҳо мутахассисони ҷавон таъйин гардиданд. Ҳамин тариқ,ислоҳоти идории ҳукумат, ки яке аз се бахши ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад, суръат ва вусъати ҳар чӣ бештар касб мекунад. Вале ҳамзамон бо ихтисоршавии як идда идораҳои давлатӣ сохторҳои нав поягузорӣ мешаванд.

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Шариф Раҳимов аз вазифаи муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон озод карда шуда, раиси идораи назорати харҷипулии давлат таъйин гашт. Ҳар касе, ки дирамро дар даст гирифта бошад, имзои ин шахсро дидааст.

Радиои Озодӣ -- Ҷаноби Раҳимов, ибтидо лутфан дар бораи ҳадафи ислоҳоти идории ҳукумат ва ба хусус, вазифаҳои ниҳоди навтаъсиси назорати харҷипулии ҳукумат маълумот медодед...

Шариф Раҳимов -- Ислоҳоте, ки ҳоло дар сохтори давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон (шурӯъ) шудааст, ин пеш аз ҳама дар асоси барномаи махсуси ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо Бонки Ҷаҳонӣ дар гуфтугӯ ҳастанд ва Бонки Ҷаҳонӣ барои ин махсус як қарзе ҷудо кардааст, ки то ҳамин сохторро, умуман, мутахассисони ҷавонро ҷеғ занему, сохтори имрӯзаи Тоҷикистонро ба сохторе, ки барои ...хуб... вазъи аслии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон мутобиқ аст, ҳамин хел сохтор созем. Пеш аз ҳама бояд , ки аз сохтори имрӯзаи давлат ҳама сохторҳои гӯем, ки тиҷоратӣ ҷудо карда шаванд. Яъне бояд, ки сохтори давлатӣ соф ба кори давлатӣ машғул бошад ва дар ҳамаи вазоратҳову корхонаҳои давлатие, ки имрӯз ягон сохтори тиҷоратӣ ҳаст, онҳо аз ин ҷо ҷудо карда мешаванд. Дуюм, зарур аст, ки сохтори имрӯзаи Тоҷикистон ҳар чи самараноктар бошад. Бинобар ин қисме аз вазоратҳо кам мешаванд, чанд вазорате, ки вазифаҳояшон ба ҳам мувофиқ аст, ба ҳам пайваста мешаванд ва ...хуб... сохторе месозанд, ки ин сохтор харҷи камтар дошта бошад ва болои ин, албатта вобаста ба ташкили сохтори нав идораҳое пайдо мешаванд, ки бояд аз болои доду гирифту истифодаи ҳамаи пулҳои давлатӣ назорат кунанд. Ин идораи нави давлатӣ оиди назорати харҷи воситаҳои пулии давлат чӣ аз буҷҷет ва чӣ аз дигар воситаҳои дигаре, ки аз хориҷи кишвар меоянд ва харҷ мешаванд, ташкил шудааст ва мақсади асосӣ назорати истифодаи дурусти ҳамаи маблағҳои давлатӣ аст, новобаста аз сатҳи поёнӣ ё болоӣ. Ин идора дар марказ таҳти назорати мӯҳтарам Президент ташкил шудааст, то касе натавонад ба он таъсири манфӣ расонад.

Радиои Озодӣ -- Оё ин тарзи кор даврони гузаштаро ба ёд намеорад. Вақте ки бюрои сиёсӣ ҳатто замони кишт ва ғундоштани пахтаро аз боло муайян мекард. Ё кори шумо фарқ хоҳад дошт?

Шариф Раҳимов -- Албатта фарқ мекунад. Акнун ин сохтор он сохторе ҳаст, ки бевосита ба кори корхонаву ташкилотҳо дахолат намекунад. Мувофиқи қонун агар дар ду сол як бор лозим бошад, як бор тафтиш гузаронида мешавад. Танҳо дар ҳолатҳое, ки ягон маълумоте меояд, ки дар ҳақиқат дар он ҷо корҳои ғайриқонунӣ ҳаст, тафтиш карда мешавад. Дар дигар ҳолатҳо касе ба кори корхонаҳо дахолат намекунад. Яъне ин сохтор танҳо ба корхонаҳои давлатӣ ва он корхонаҳое, ки дар он ҳиссаи давлат ҳаст, сару кор дорад. Ба корхонаҳои ғайридавлатӣ мо сару кор надорем. Он корхонаҳо фақат бо Кумитаи Андоз сару кор доранд ва агар андозро пурра супоранд, касе ба онҳо кор надорад.

Радиои Озодӣ -- Дар ин ҳол дар бораи идораи худ ва тарзи кори идораатон иттилои бештар медодед...

Шариф Раҳимов -- Пеш аз ҳама идораи ман идораест, ки бевосита ба мӯҳтарам Президент итоат мекунад ва вазифааш назорати истифодаи дурусти ҳамаи воситаҳои пуливу амволи давлат аст. Яъне ҳамаи хароҷоте, ки аз тарафи ҳар як ташкилот аз ҳисоби давлат, аз ҳисоби буҷҷет мешаванд, бояд мо онро назорат кунем ва дар ҳолати нодуруст будани истифода чораҷӯӣ кунем.

Радиои Озодӣ-- Яъне метавонем гӯем, ки Шумо бо ниҳодҳои интизомӣ ҳам равобити наздик хоҳед дошт...

Шариф Раҳимов -- Албатта, мувофиқи низомномаи мо, ҳамаи ташкилотҳои интизомӣ бояд, ки дар ҳолати зарурӣ моро дастгирӣ кунанд ва мо, албатта, бевосита ҳамкорӣ хоҳем дошт, чунки дар соҳаи тафтишот бе ин намешавад. На дар процесси кор, балки баъди ба хулоса омадани мо.

Радиои Озодӣ-- Идораи Шумо чӣ гуна хоҳад буд. Оё Шумо танҳо дар марказ хоҳед буд ва ё дар ҳар як ноҳияву вилоят ҳам намояндагии идораи Шумо барпо хоҳад шуд?

Шариф Раҳимов -- Мо фақат дар марказ (хоҳем буд) . Ин фақат бо сабаби он, ки мо тавонем, ки кормандони худро аз ҳама гуна таъсири аз ҷойҳо буда озод кунем. Масалан, пештар агар тафтишгар дар ноҳияҳо буд , дар вилоятҳо буд, дар асл онҳо таҳти идораи раисони ноҳияҳову раисони вилоятҳо буданд. Вале мо имрӯз фақат дар марказ ин идораро нигоҳ медорем ва аз марказ мефиристем, то ки вазифаи худро дар маҳалҳо ё ки вилояту ноҳияҳо иҷро кунанд.

Радиои Озодӣ -- Дар рафти ислоҳот, тавре ки медонем аз 56 кумитаву вазорат 19-то боқӣ мемонад. Дар ин вазъият масалан вазирон, тавре ки мебинем, ҳозир истеъфо раванд ҳам, аксари онҳо ба синну соле расидаанд ва ё ба қадре маъруф ҳастанд, ки кори нав зуд пайдо кунанд... Вале, масалан, вақте ки ислоҳот то сатҳи поёнӣ рафт ягон барномаи иҷтимоӣ барои бо кор таъмин кардани мутахассисони бекормонда пешбинӣ шудааст?

Шариф Раҳимов -- Рости гап, ин савол ба ман тааллуқ надорад. Чунки ин дигар тараф аст... чунки ман нав таъйин шудаам ва, умуман, ба соҳаи худ сару кор мегирам. Вале ба ҳар ҳол, ба фикрам, бояд бошад, чунки дигаргунии сохтори давлат як барномаи махсус аст, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад ва кор дар ин соҳа рафта истоааст.

XS
SM
MD
LG