Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 ронандаи Тоҷикистон ба гаравгонии низоми визои Ӯзбакистон афтодаанд



Илҳоми Ҷамолиён

Марзбонони Ӯзбакистон ба бозгашти як корвони автомобилии Тоҷикистон ба воситаи қаламрави Ӯзбакистон роҳ намедиҳанд, зеро мегӯянд, ронандагон раводиди сафар надоранд.





Наздики чиҳил рӯз аст, ки як корвони мошинҳои Тоҷикистон, аз вилояти Суғд (25 мошин), дар шаҳри Қунғуроти Ӯзбакистон, воқеъ дар наздикии марзи ин кишвар бо Қазоқистон, бо иттиҳоми надоштани раводиди сафари Ӯзбакистон тавассути марзбонони Ӯзбакистон боздошт шудааст . Нишонбой Назриев, як тан аз ронандагони ин қатор, зимни сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори мо мегӯяд, онҳо 70 нафаранд, ва дар ин авҷи сармои шадид, пули кофӣ барои сарфи хӯрок надоранд, танҳо бо нони хушк иктифо мекунанд, чор тан аз ҳамроҳонашон бемор шуда, ба дармонгоҳи ин ҷо афтодаанд. Нишонбой Назриев афзуд, онҳо ба Тоҷикистон, аз Русия хӯрокворӣ мебаранд ва то кунун муроҷиатҳои ронандагон ба сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бидуни посух мондаанд. Мақомоти вилояти Суғд низ гуфтаанд, аз моҷаро огоҳанд, ронандагон замоне аз кишвар хориҷ гашта буданд, ки режими визо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳанӯз ҷорӣ набуд ва ин нуктаро агарчӣ бо мақомоти Тошканд чандин бор матраҳ кардаанд, вале ҳанӯз натиҷае надодааст. Гуфта мешавад, моҷаро бояд дар як муомилаи ҳукуматҳои марказии Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳал шавад. Зимнан, пас аз ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ин чаҳорумин ҳодисаест, ки марзбонони ӯзбак, қатори мошинҳои Тоҷикистонро боздошт мекунанд.

XS
SM
MD
LG