Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағироти нав дар ҳукмати Тоҷикистон



Саидқосими Қиёмпур

Рафиқа Мусоева раҳбари вазорати нави Кор ва Ҳифзи Иҷтимоӣ таъин шуд. Ҳамчунин Шафқат Исмоилов, вазири адлияи Тоҷикистон аз ин мақом барканор гардид. Ба ҷой у Халифабобо Ҳомидов вазир таъин шуд. Ҳамчунин Бобохон Маҳмадов Вазири Фаҳанг аз вазифа барканор гардид ва Абдруҳим Ҳамроев вазири фарҳанг таъин шуд.

Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25 январ ислоҳоти ҳукумати кишварро идома дод. Бо фармони ӯ вазорати Кор ва Шуғли Аҳолӣ ва вазорати Иҷтимоӣ барҳам хурда ва ба ҷои онҳо вазорати Кор ва Ҳифзи Иҷтимоӣ таъсис гардид. Рафиқа Мусоева сарвари вазорати ҷадид таъин шуд. Раиси ҷумҳур ҳамчунин Шафқат Исмоиловро аз вазифаи вазири адлияи Тоҷикистон барканор гардонид. Халифабобо Ҳомидов, раиси Комиссияи Маҷлиси Намояндагон, аз ин ба баъд сарварии вазорати адлияро ба душ хоҳад дошт. Ҳамчунин бо амри президент Раҳмонов Бобохон Маҳмадов курсии вазорати фарҳангро падруд гуфт ва масъули дафтари раиси ҷумҳур Абдураҳим Раҳимов ба ин вазифа таъин гардид. Вазири ҷадиди фарҳанг оилими соҳаи санъат аст ва солҳои зиёд устоди донишкадаи "Зебоӣ"-и Тоҷикистон буд. Халифабобо Ҳомидов, чанд сол чун мушовири президент Раҳмонов дар бахши ҳуқуқ фаъолият намудааст.

Э. Раҳмонов ҳамчунин дар бораи таъсиси раёсати назорати давлатии молияи назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон фармон имзо намуд. Раёсати ҷадид ба ҷои саридораи назорати тафтишоти вазорати молия созмон дода шуд ва аммо ваколатҳои он бештар. Ба ҷуз санҷишҳои фаврии вазъи молии корхонаву муассисаҳо ниҳоди нав аз ҷониби коргоҳҳо истифода бурдани будҷет ва амволи давлатиро низ таҳти назар қарор хоҳад дод. Дар ин раёсат шурое фаъолият хоҳад кард, ки ба он бо амри раиси ҷумҳур 7 нафар шомил хоҳанд шуд. Бо як амри дигари президент Раҳмонов дар Тоҷикистон раёсати хизмати давлатӣ низ таъсис гардид. Коршиносон мегӯянд, ислоҳоти ҳукумати Тоҷикистон, ки бо пешниҳоди Бунёди Байналмилалии Асъор аз авоили соли нав оғоз гардид, имкон дорад иқтисодиёти буҳронии Тоҷикистонро такон бубахшад. Як бартараи тайиноти ҷадид он аст, ки ба вазоратхонаҳои иқтисодӣ аъзои командаи ислоҳотӣ мушовири раиси ҷумҳур Ғулом Бобоев фиристода шуданд ва ин фаъолияти вазоратҳоро пурсаматар хоҳад намуд. Коршиносон ба вазифаи ноиби вазири иқтисод таъин шудани раиси шӯъбаи ислоҳоти иқтисодии дафтари раиси ҷумҳур Маъруф Сайфиев ва муовини вазири энергетика пазируфта шудани корманди масъули дафтар Ҳусейн Алиевро дар назар доранд. Аммо Ҳоҷӣмуҳаммад Умаров, иқтисоддони маъруфи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо гуфт,муттаҳид намудани вазратҳо он гоҳ самар хоҳад дод, ки агар ба дигар сохторҳои ин вазоратҳо низ мутахасисони варзида биёянд. Ӯ ҳамчун қайд намуд, ки бояд чандин вазоратҳои дигар низ муттаҳид шаванд, зеро бархе аз онҳо аслан як корро иҷро менамоянд. Айни ҳол тавре як манба аз дафтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод, рӯзҳои наздик чанд фармони раиси ҷумҳур дар бораи муттаҳид кардани вазоратхонаҳо нашр хоҳад шуд. Аз ҷумла дар назар аст, ки вазорати нақлиёт бо ширкати Ҳавопаймоӣ ва Роҳи Оҳани Тоҷикистон як мешавад. Имкон дорад, ки аз вазорати энергетика кумитаи нафту газ ширкатҳои "Барқи тоҷик", "Тоҷикомунсервис", "Нафтрасон" як ниҳоди алоҳида созмон ёбад. Аммо манбаи мо овозаҳо оиди муттаҳид шудани вазоратҳои фарҳангва маориф тайид ё такзиб накард. Гуфта мешавад, баъд аз ин ихтисор ба ҷои 56 вазорату кумита ва ширкатҳои давлатӣ 19 вазорату кумита боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG