Роберт МакМеҳонСоли гузашта дар ин кишвар ҳосили кӯкнор 30 дар сад коҳиш ёфт. Сабаби нисбатан кам шудани кӯкнор хушксолӣ, дастури Толибон алайҳи кишти кӯкнор ва ҳам татбиқи барномаҳои алтернативии Созмони Милал барои бахши кишоварзӣ мебошад.
Гузориши нави шӯъбаи мубориза зидди маводи мухаддири СММ нишон медиҳад, ки Афғонситон ҳамоно бузургтарин тавлидкунандаи кӯкнор дар ҷаҳон аст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар ин кишвар ҳосили кӯкнор дар муқоиса бо солҳои пешин 30 дар сад коҳиш ёфт. Сабаби нисбатан кам шудани кӯкнор хушксолӣ, дастури толибон алайҳи кишти кӯкнор ва ҳам татбиқи барномаҳои алтернативии Созмони Милал барои бахши кишоварзӣ мебошад. Соли гузашта 4 800 тон кӯкнор аз Афғонистон ба Урупо интиқол ёфт. Дар баробари ин, дар кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон, яъне дар Осиёи Марказӣ ва Покистону Ирон теъдоди мӯътодони маводи мухаддир афзоиш меёбад. Пино Арлаки, мудири Шӯъаби мубориза зидди маводи мухаддири СМ рӯзи душанбе дар як нишасти матбуотӣ дар Лондон дар ин бора чунин гуфт:
"Дар кишварҳое чун Покистон, Чин, Ирон ин проблема башиддат рӯ ба афзоиш аст. Барои мисол, дар тӯли 15 соли ахир дар Покистон теъдоди мӯътодони маводи мухаддира аз як рақами ғайриқобили мулоҳиза то ба яку ним миллион нафар боло рафт. Ин аз теъдоди умумии нашъамандон дар тамоми Аврупои Ғарбӣ бештар аст."
Дар Ирон теъдоди мӯътодони маводи мухаддира 500 ҳазор тахмин мешавад. Гузориши СМ тахмин мекунад, ки дар Аврупои Шарқӣ ҳудуди яку ним миллион нафар афюн мекашанд. Ин каме бештар аз Аврупои Ғарбӣ аст. Бозори маводи мухаддира дар Русия низ вусъат меёбад. Тахмин мешавад, ки дар ин кишвар ним миллион нафар ба маводи мухаддира одат кардаанд. Винсент Миклайн, масъули шӯъбаи назорати Маводи мухаддираи СМ дар Ню Йорк ба хабарнигори РАО РО гуфт, ки Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба зидди густариши ин проблема талош намоянд. Зеро дар ин кишварҳо ҳам тиҷорату интиқол, ҳам истеъмол ва густариши бемориҳо дар робита нашъмандӣ ба мушоҳида мешавад. "Истифодаи маводи мухаддира аз тариқи сӯзандору боиси паҳншавии вируси барангезандаи бемории СПИД дар ин кишварҳо мешавад. Шумо агар ба минтақаҳое, ки он ҷо теъдоди гирифторони ин беморӣ меафзоянд, назар афканед, худ ба худ хатти ҳаракати қочоқбарони маводи мухаддирро пайдо мекунед."
Гузориши СМ Ирон ва Покистонро барои ба роҳ мондани муборизаи шадид алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир ситоиш мекунад. Дар ин кишварҳо кишти кӯкнор амалан аз байн рафтааст. Чандин афсари мақомоти ҳифзи тартиботи Ирон дар муборизаҳои мусаллаҳона алайҳи қочоқбарон ҷони худро аз даст доданд. Дар гузориши СМ ҳамчунин омадааст, ки СМ бо 2.5 миллион доллар дар Тоҷикитсон Оҷонсии мубориза зидди маводи мухаддирро ташкил дод. Дар натиҷа, соли гузашта дар Тоҷикистон якчанд маротиба қочоқбарон бо миқдори бузурги ин мавод дастгир шуданд. Винсент Миклайн мегӯяд, шӯъбаи марбутаи СММ барнома дорад, ки дар панҷ соли оянда кишти кӯкнорро дар Афғонистон комилан аз байн барад.