Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал Тоҷикистонро ба пазириши паноҳандагони афғон даъват кард



Соҷидаи Мирзо

Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки тибқи масъулияти байналмилалӣ паноҳандаи афғонро ба қаламрави худ роҳ бидиҳад.

Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки масъулияти байналмилалии худро ба ҷой биёрад ва ба ҳазорон паноҳандаи афғон иҷозат диҳад, ки марзро убур кунанд. Ин созмон зимни пахши як изҳорот дар Душанбе баён дошт, ки аз оғози моҳи октябр то ҳол 41 муҳоҷир аз беморӣ, захмҳои ҷанг ва офатҳои дигар фавтидаанд. Наздик ба 10 ҳазор паноҳандаи бехонаву дари афғон, бо шумули 6 ҳазор кӯдак, баъди ҳуҷуми Толибон ба манотиқи таҳти назорати Иттиҳоди Шимол чанд моҳ боз дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки ин амал яъне иҷозаи вуруд таъхир намепазирад. Созмонҳои хайрия, ки сафарҳои кӯтоҳеро ба макони паноҳандагон анҷом додаанд, мегӯянд, ки 60 дар сади муҳоҷирон маризанд ва аксарияти онҳо аз бемориҳои сирояткунандаи тиф ва малярия азият мекашанд.



XS
SM
MD
LG