Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси комендатураи ҳарбӣ дар Тавилдара



Мирзонабии Холиқзод

Ҳукумати Тоҷикистон дар Тавилдара як комендатураи муваққатие таъсис дод, ки вазифааш назорати қисмҳои ҳарбӣ, собиқ низомиёни қарордодӣ ва гурӯҳҳои мавҷудаи мусаллаҳ мебошад.

Вазоратҳои қудратии Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдара дижбонӣ ва ё комендатураи ҳарбии муваққатӣ таъсис доданд, ки аз 180 низомии собиқи қарордодӣ иборат буда, ӯҳдадор аст, амнияти минтақа, тартибу низоми қисмҳои ҳарбӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ, хоса собиқ низомиёни қарордодиро таъмин намояд. Вазири вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев ба Радиои Озодӣ гуфт, ин комендатура дар якҷоягӣ бо Вазорати дифоъ ташкил шуда, ҳадафаш ҷамъ овардан ва дар назорат нигаҳ доштани низомиёни қарордодии собиқ аст, ки баъди фармони вижаи президенти Тоҷикистон аз сафи нирӯҳои мусаллаҳ хориҷ шудаанд. Генерал Абдуллоҳ Ҳабибов, вакили Маҷлиси Намояндагон дар бораи вазифаҳои ниҳоди нави Тавилдара гуфт, "он бояд дар миёни ҳарбиёни ин минтақа назму низомро ҷорӣ намуда, аз гаштугузори онҳо бо силоҳ ва истифодаи техникаи ҳарбӣ пешгирӣ кунад, оромиро дар қисмҳои ҳарбӣ таъмин намояд ва роҳ надиҳад, ки дар байни артиш ва аҳолии маҳаллӣ ҳамдигарнафаҳмие рӯй диҳад." Ташкили комендатураи ҳарбии Тавилдара дар ҳоле ба амал меояд, ки Ҳайъати вижаи ҳукуматӣ дар ин ҷо бо омӯзиши авзоъ ва дарёфти посух ба саволи ҳузури эҳтимолии тарафдорони Ҷумъаи Намангонӣ машғул аст. Сокинони ноҳияи Тавилдара мегӯянд, дар ноҳияи онҳо афроди мусаллаҳи ношинос зиёданд ва шояд ба ин сабаб комендатураи ҳарбӣ дар ин ҷо ташкил шудааст. Дар ҳоле ки манбаъҳои ғайрирасмӣ аз интиқоли тарафдорони Ҷумъаи Намангонӣ аз Тавилдара ба қаламрави Афғонистон хабар медиҳанд, ҳайъати вижаи ҳукуматӣ ин маълумотро рад мекунад. Аммо ташкили дижбонии махсус дар ин ноҳия нишон медиҳад, ки ҳукумат аз вазъи он дар ташвиш буда, мехоҳад назорати пурра ва комили ноҳияро дар даст дошта бошад. Тибқи охирин хабар Ҳайъати вижаи ҳукуматӣ рӯзи 21-уми январ барои бори сеюм ба Тавилдара сафар кард.





XS
SM
MD
LG