Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА минагузории марзи Тоҷикистон ва Узбакистонро танқид қард



Саидқосими Қиёмпур

Раҳбари намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Марк Жилберт минагузориҳоро дар марзи миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон таҳти танқид қарор дода, гуфт ниҳоди ӯ аз чунин тарзи ҳимояи марз пуштибонӣ карда наметавонад.

Раҳбари намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Марк Жилберт минагузориҳоро дар марзи миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон таҳти танқид қарор дода, гуфт ниҳоди ӯ аз чунин тарзи ҳимояи марз пуштибонӣ карда наметавонад. Дар минаҳои гузоштаи марзбонони Ӯзбакистон дар сарҳади ҳанӯз номуайяни миёни ду кишвар то ҳол 30 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар маъюб шудааст. Ҳукумати Ӯзбакистон аз ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минаҳо изҳори таассуф карда, аммо гуфтааст, ба ҷуз ин илоҷи ҳифзи марзҳои худро аз мусаллаҳони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон надорад. Раҳбари намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон муносибати худро ба майдонҳои мина дар марз, рӯзи сешанбе, пас аз дидор бо райиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ба хабарнигорон изҳор дошт.

XS
SM
MD
LG