Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар мубориза зидди бенавоӣ



Сайидқосими Қиёмпур

Тоҷикистон ва Банки Ҷаҳонӣ ҷараёни иҷрои барномаи зидди бенавоӣ ва тарҳи дархостҳои Тоҷикистонро аз нишасти кишварҳои мададрасон дар Токио (моҳи майи соли 2001) баррасӣ карданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва райиси бахши Осиёи Марказӣ дар Банки Ҷаҳонӣ Киёши Кодера рӯзи 15-ҳуми январ дар Душанбе ҷараёни иҷрои Барномаи ҳукумати Тоҷикистонро дар муборизаи зидди бенавоӣ баррасӣ карда, таҳри нишасти давлатҳои мададрасонро, ки моҳи май дар Токио баргузор мешавад, мавриди гуфтугӯ қарор доданд. Барномаи ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо фақру нодорӣ бо сармоягузории Банки Ҷаҳонӣ барои се соли оянда тарҳрезӣ шуда, аввалин бахши сармоя дар ин роҳ аз 150 миллион доллар иборат аст, ки бояд то моҳи июл ба Тоҷикистон расад. Райиси бахши Осиёи Марказӣ дар Банки Ҷаҳонӣ Киёши Кодера дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, Банки Ҷаҳонӣ бо стратегияи нав ва бо назардошти иҷрои зина ба зинаи барномаҳо ба кишварҳое монанди Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон сармоягузории барнома, ки дар ду нишасти давлатҳои донор баррасӣ шуда буд, ба таври зарурӣ сурат намегирад. Аз ҷумла на ҳама тарҳҳои пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар ин нишастҳо пазируфта шудаанд. Президент Раҳмонов гуфтааст, барои ҷалби таваҷҷӯҳи кишварҳои донор вай шахсан дар нишасти Токио иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Тибқи маълумоти ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 85 дарсади аҳолии кишвар дар ҳолати бенавоӣ ба сар мебарад. Вазъи мардум махсусан дар манотиқи рустоӣ сангин аст.

XS
SM
MD
LG