Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзойиши ҳукми қатл дар додгоҳҳои Тоҷикистон



Мирзои Салимпур

Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли 2000-ум 26 айбдоршудаи ҷиноятҳои сангинро ба марг маҳкум намуд. Ба ғайр аз ин дар додгоҳҳои вилоятӣ 26 нафари дигар ва додгоҳи ҳарбӣ 7 нафар айбдоршудагон ҳукми қатл гирифтанд.

Муовини аввали райиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ватанов ба хабарнигори Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар қиёс бо чаҳор ҳукми қатли соли 1999 метавон гуфт, шумори ҳукмҳои истисноии қатл дар кишвар қариб чаҳор баробар зиёд шудааст. Гуфта мешавад, аксарияти маҳкумшудагон ба ҷазои олӣ сарон ва аъзои дастаҳои мусаллаҳе мебошанд, ки дармаҳалҳои гуногуни кишвар бо куштору ғорат ва одамрабоӣ машғуланд. Дар яке аз охирин муҳокимаҳояш Додгоҳи Олии Тоҷикистон айбномаи аъзои дастаи Мақсадулло Абдуллоевро, ки моҳи июли соли гузашта дар Теппаи Самарқандӣ ойилаи ёздаҳнафараро ба қатл расондааст, баррасӣ намуда, сарвари даста Абдуллоев ва ду шарики ӯро ба қатл маҳкум кард. Як узви дигари ин гурӯҳ ба мӯҳдати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Додгоҳи Олии Тоҷикистон тобистон ва тирамоҳи соли гузашта ҳамчунин сарвару аъзои дастаҳои "Маугли" ва "Полковник Нурулло"-ро, ки дар навоҳии водии Ҳисор ба раҳзанию гаравгонгирӣ машғул буданд, низ ба марг маҳкум намуд. Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ватанов, муовини райиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ҳайъати нави ин додгоҳ дар 26-уми апрели соли 2000 ба кор сар кард ва бо назардошти вазъи баъдиҷангӣ ва аҳамияти таъмини оромию амнияти мардум дар баробари ҷинояткорон мавқеъи шадид касб намуд. Вай меафзояд, ҳукми қатл имрӯз ҳамчун чораи пешгирӣ аз ҷиноятҳои сангин зарур аст ва Додгоҳи Олӣ онро танҳо замоне ба кор мебарад, ки ҷурми айбдоршаванда дар ҷиноятҳои сангин исбот гардад. Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли гузашта 142 парвандаро баррасӣ карда, дар нисбати 135 парванда ҳукм баровардааст ва танҳо 26 нафар ба қатл маҳкум шудаанд. Додгоҳ аз ҷазоҳои дарозмуддат ва шартию ҳушдордиҳанда низ истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG