Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор афгон ҳангоми кушиши марзшиканӣ ба ҳалокат расед



Соҷидаи Мирзо

Баъди задухурдҳои 13 январ дар байни нируҳои эътилофи шимол ва Толибон, дар қисмати шимолу шарқии Таҳори Афгонистон дар хатти ҷанг оромии нисбӣ ҳукмфармост.

Гуруҳи марзбони Руссия дар Тоҷикистон, шаби гузашта чаҳор марди афгонро ҳангоми кушиши марзшиканӣ ба ҳалокат расонед. Мақомоти марзбонӣ ба хабаргузории АФП гуфтанд, ки ин чаҳор нафар баъди тиркушоӣ ба суи посдорони марз, дар 230 километрии қисмати чанубу шарқии пойтахт кушта шуданд. Наздик ба 11 ҳазор марзбони Русия дар асоси созиши дуҷониба масъулияти нигаҳбонии марзи Тоҷикистонро бар душ доранд.

Дар ҳамин ҳол баъди задухурдҳои 13 январ, дар байни нируҳои эътилофи шимол ва Толибон, дар қисмати шимолу шарқии Таҳори Афгонистон дар хатти ҷанг оромии нисбӣ ҳукмфармост. Сухангуи оппозитсиюн Осим Суҳайл гуфт, ки толибон барои ҳуҷуми навбатӣ ба пойгоҳи оппозитсиюн дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. У эътироф кард, ки дар ҳуҷуми ахир нируҳои Толибон бар эътилофи шимол бартарӣ доштанд. Ба иттилоъи ҷаноби Суҳфйл ҷангҳои рузи гузашта 25 аскари Толибонро кушта ба ҷой гузошт. Хисороти ҷониби эътилофи шимолро сухангуи оппозитсиюн чаҳор кушта ва 6 захми номбар кард. Ин маълумот аз ҷониби манобеъи мустақил таъид нашудаанд.

XS
SM
MD
LG