Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон баргузор шуд



Саидқосими Қиёмпур

Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматулло Зоҳиров мегӯяд, ки ҳизб қариб 3 ҳазор узв дорад ва дар опозитсияи созанда нисбат ба ҳукумат хоҳад буд. Зоҳиров изҳори умед кард, ки Вазорати Адлия аз номнавис кардани ҳизб худдорӣ нахоҳад кард.

Рӯзи шанбе анҷумани ғайринавбатии Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон, собиқ Ҳизби Адолат ва Тараққихоҳ дар Душанбе баргузор гардид. Раиси ҳизб Раҳматулло Зоҳиров гуфт, танқиди гузаштаи ҳизб аз ҳукумат боис шуд, ки сабти номи ҳизб дар соли 1999 бекор карда шавад. Ҳизби мазбур, ки октябри ҳамон сол номи худро ба Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон тағъир дод, натавонист дар интихоботи президентӣ ва парламентӣ ширкат кунад. Аммо бо вуҷуди монеъаҳое, ки Раҳматулло Зоҳиров онро фишор ва баҳонатарошӣ номид, 17 нафар аз аъзои ҳизб тавонистанд ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шаванд. Раиси ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ умедвор аст, ки ин бор Вазорати Адлия аз номнавис кардани ҳизб, ки ба гуфтаи раҳбараш қариб 3 ҳазор узв дорад, сарпечӣ нахоҳад кард. Аҳли маҷлис гуфтанд, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон дар опозитсияи созанда нисбат ба ҳукумат хоҳад буд ва аз шуорҳои "адолат, хирад ва тарақиёт" пайравӣ хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG