Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узвияти Покистон дар гурӯҳи Панҷгонаи Шанҳай



Брюс Паниер

Покистон тақозо кард, ки ба узвияти гурӯҳи Панҷгонаи Шанҳай, ки аз Чин ва чор ҷумҳурии собиқ Шӯравии ҳаммарз бо ин кишвар, яъне Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иборат аст, пазируфта шавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов тарафдори қабули Покистон ба ин анҷумани амниятии минтақа нест.

Ҳафтаи гузашта ғайримунтазира Покистон расман дархост намуд, ки ба узвияти панҷгонаи Шанҳай пазируфта шавад. Русия тақозои Покистонро хуш қабул карда, онро ҳамчун нишондиҳандаи афзоиши эътибори ин Анҷуман арзёбӣ намуд. Аммо аъзои дигари панҷгона ин мавқеъро дастгирӣ намекунанд.

Панҷгонаи Шанҳай, ки аз чор ҷумҳурии собиқ Шӯравии Русия, Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва кишвари ҳаммарзи онҳо Чин иборат мебошад, дар соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо ҳадафи панҷгонаи Шанҳай назорати халъи силоҳ ва ғайринизомӣ сохтани марзи миёни Чин ва чор ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ буд. Вале дар соли 1999 дар мулоқоти Бешкек сарони кишварҳои ин муассисаи минтақавӣ тасмим гирифтанд, ки дар масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо ҷудоихоҳӣ, тундгароӣ ва терроризми байналмилалӣ низ ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Он замон ҳукумати Қирғизистон дар вилояти ҷанубии Ботканди худ бар зидди шӯришгарони исломӣ амалиёти низомӣ пиёда мекард.

Дар мулоқоти тобистони соли гузашта дар шаҳри Душанбе раёсати даврии ин анҷуман ба ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардиду масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ низ ба рӯйхати мавзӯъҳои баҳси Анҷуман шомил гашт.

То ҳанӯз мансабдорони покистонӣ ҳадафи ин кишвар аз вуруд ба панҷгонаи Шанҳайро шарҳ надодаанд, вале коршиносон мегӯянд, ки ба ин тариқ Покистон мехоҳад равобити худро бо кишварҳои минтақа беҳбуд бахшад. Пуштибонии Покистон аз гурӯҳи Толибони афғон кишварҳои Осиёи Марказиро нороҳат мекунад. Онҳо аз шӯришгарони исломӣ дар ташвиши амиқ ҳастанд ва мегӯянд, ки шӯришгарон аз тарафи Толибони афғон ва гурӯҳҳои тундгарои покистонӣ дастгирӣ меёбанд. Ҳукумати Толибонро танҳо се кишвар: Покистон, Арабистони Саудӣ ваИмороти Муттаҳидаи Араб ба расмият мешиносанд.

Равобити мустаҳқами Покистону Чин таърихи тӯлонӣ дорад. Мухолифати ҳар ду кишвар ба Ҳиндустон онҳоро наздик карда буд. Аммо ахиран баъзе аз раҳбарони Чин изҳор намуданд, ки ҷудоихоҳони уйғури вилояти Шинҷон маҳз дар хоки Покистон таълими низомӣ мегиранд. Мусулмонони виялоти Шинҷони ҳаммарз бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баҳри истиқлол аз Чин мубориза мебаранд. Дохилшавӣ ба панҷгонаи Шанҳай ба Покистон имкон медиҳад, ки дар равобит бо Русия саҳифаи нав боз кунад. Русия таъминкунандаи асосии аслиҳа ба Ҳиндустон: рақиби Покистон аст. Дар ин замина сафорати Ҳиндустон дар Маскав таъкид намуд, ки бо диққат аксуламали аъзои панҷгонаи Шанҳай ба тақозои вуруди Покистонро баррасӣ хоҳад кард.

Узвияти панҷгонаи Шанҳай ба Покистон мафоди иқтисодӣ ҳам оварда метавонад. Моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми боздид аз Қазоқистон сарвари низомии Покистон генерал Парвиз Мушарраф имкони воридоти нефти қазоқиро баҳс намуд. Ин амал фақат ба воситаи Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон татбиқ шуда метавонад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин Жу Бангао тақозои Покистонро ёдовар шуда, гуфт, ки қабули Покистон ба узвияти панҷгонаи Шанҳай аз ризояти панҷ узви он вобаста аст. Агар изҳороти Чин дуруст бошад, пас Покистонроо зарур аст, ки дастгирии президентҳои панҷгона, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмоновро то ҷаласаи навбати он дар тобистони соли равон ҳосил намояд.

XS
SM
MD
LG