Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мавҷудияти размандагони мухолифини Ӯзбакро дар Тавилдара месанҷад



Обиди Шакурзода

Як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ба Тавилдара сафар кардааст, то бисанҷад, ки дар ин ҷо аз Ҷумъаи Намангонӣ ва ҷангиёни ӯ, ки аз мухолифини ҳукумати Ӯзбакистонанд, асар ҳаст ё не.

Як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ба Тавилдара сафар кардааст, то бисанҷад, ки дар ин ҷо аз Ҷумъаи Намангонӣ ва ҷангиёни ӯ, ки аз мухолифини ҳукумати Ӯзбакистонанд, асар ҳаст ё не. Як моҳ аст, перомуни мавҷудияти Ҷумъаи Намангонӣ дар ин мавзеъ овозаҳо паҳн шудаанд. Ӯ сарвари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон буда, аз масъулони аслии нооромиҳои ҷануби Қирғизистон ва дохили Ӯзбакистон дар ду соли ахир аст.

Вазири Вазъи Фавқулоддаи Тоҷикистон, собиқ фармондеҳи маҳаллии ИНОТ, Мирзо Зиёев, аз аъзои ҳайати зикршудааст, ки ба Тавилдара омадааст. Ҷумъаи гузашта, ҳайати дигари ҳукумат ба Тавилдара рафта буд ва Маҳмадрӯзи Искандаруф, яке аз аъзои он, дирӯз иброз дошт, ки дар ин мавзеъ аз Ҷумъаи Намангониву тарафдоронаш касе нест.

XS
SM
MD
LG