Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мегӯяд, имкони пазириши паноҳандагони афғонро надорад



Саидқосими Қиёмпур

Сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон гуфт, душвориҳои иқтисодӣ ва сабабҳои дигар имкон намедиҳад, ки паноҳандагонро қабул намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон эълом дошт, ки наметавонад паноҳандаи афғониро ба хоки кишвараш роҳ диҳад. Беш аз даҳ ҳазор фирориёни афғон, ки бар асари ҷангҳои ахири шимоли кишвар тарки манзил кардаанд, дар ҷазоири дарёи Панҷ, миёни Афғонистону Тоҷикистон, маскан гузидаанд. Сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон гуфт, душвориҳои иқтисодӣ ва сабабҳои дигар имкон намедиҳад, ки паноҳандагонро қабул намоянд. Ҳафтаи гузашта, президенти Тоҷикистон, Имомалӣ Раҳмонов, кишвараш гузаргоҳҳои самти Афғонистонро хоҳад баст, зеро имкон дорад, дар қатори фирориён афроди мусалаҳ низ вориди ҷумҳурӣ шаванд. Кумиссариати Олии СММ дар Умури Паноҳандагон чанде пеш таъкид дошт, ки паноҳандагони афғон дар ҷазоири дарёи Панҷ аз сабаби норасоии обу нон дар ҳолати сангин қарор доранд ва идомаи ин вазъ барои онҳо хатари ҷонӣ хоҳад дошт. Созмонҳои байнулмилалӣ аз Тоҷикистон дархост карда буданд, ки ин оворагонро ба кишвараш роҳ диҳад.

XS
SM
MD
LG