Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Сарнавишти паноҳандагони афғон дар ҷазираҳои Панҷ ба наздикӣ ҳал хохад шуд



Соҷидаи Мирзо

СММ мегуяд 10 ҳазор паноҳандаи афгон, ки аз ҷангҳо ба ҷазираҳои рудхонаи Панҷ паноҳ бурдаанд, дар ҳамин чанд рузи наздик ба Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд.

Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид СММ дар умури Афғонистон Эрик де Мул мегуяд, 10 ҳазор паноҳандаи афгон, ки аз ҷангҳо ба ҷазираҳои рудхонаи Панҷ паноҳ бурдаанд, дар ҳамин чанд рузи наздик ба Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд. Ба маълумоти Эрик де Мул ин мавзуъ мавриди баррасии СММ ва мақомоти Тоҷикистон аст ва СММ талош дорад, ки барои вуруди паноҳандагон ба қаламрави Тоҷикистон иҷозаи мақомоти ин кишварро ба даст биёрад. Ба гуфтаи Камиссарияти СММ дар Умури Паноҳандагон аз идомаи даргириҳо ва партоб шудани мушаку хумпораҳо, амнияти паноҳандагон дар минтакаи Панҷ да хатараст. Тоҷикистон ба дархости қаблии СММ гуфта буд, ки бехтар аст агар масълаи паноҳандагон дар худи Афгонистон роҳи ҳал пайдо кунад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе бо созмонҳои байналмилии муқими кишвар аз ҷумла камиссариати Олии СММ дар Умури Паноҳандагон тамос гирифта шарҳи хабари ахирро хостанд. Аммо дар ин ташкилотҳо гуфтанд, ки хануз ҳеҷ пешравие дар робита ба иҷозаи убури паноҳандагони афғон ба хоки Тоҷикистон вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG