Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон интиқоли газ ба Русияро қатъ кард



Майкел Леливелд

Агар вазъ ба наздикӣ тағйир наёбад, ин чунин маънӣ хоҳад дошт, ки равобити ду кишвар, чун дар моҳи марти соли 1997, вақте, ки Туркманистон интиқоли газро ба Руссия катъ кард, сарду печида хоҳад шуд.

Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов рузи душанбе бо пахши эълони қатъи интиқоли газ ба Русия мақомоти ин кишварро моту мабҳут кард. Ин калонтарин ихтилоф миёни ду кишвари Русия ва Туркманистон дар чанд соли ахир аст. Ҳукумати Туркманистон баён доштааст, ки бинобар имзо нашудани созиш бо Русия чиҳати интиқоли газ, аз оғози соли 2001, маҷбур шуд ин иқдомро ба кор барад. Музокирот оиди интиқоли гази туркманӣ ба Русия якчанд ҳафта давом кард, аммо бидуни пешравӣ ба итмом расид.

Ду руз қабл аз пахши изҳороти ҳукумати Туркманистон сухангуи вазорати хориҷии Русия муҳим будани равобити Туркманистон ва Русияро таъкид карда гуфт, ки муносибати ду кишвар бояд дар асоси эҳтироми як дигар ҷараён бигирад. Акнун маълум шуд, ки Русия бо пахши ин изҳорот ба навъе хост аз низоъи фарорасида ҷилавгирӣ кунад.

Агар вазъ ба наздикӣ тағйир наёбад, ин чунин маънӣ хоҳад дошт, ки равобити ду кишвар, чун дар моҳи марти соли 1997, вақте, ки Туркманистон интиқоли газро ба Руссия катъ кард, сарду печида хоҳад шуд.

Туркманистон интиқоли газро тавассути Русия ба Укрина соли 1999, аз баракати созишномаи транзитӣ аз сар гирифт. Аммо баъди панҷ моҳ, бинобар қарзи Украина интиқоли газ қатъ шуд. Соли гузашта Русия рози шуд, ки гази Туркманистонро барои истифоди худӣ харидори кунад. Ин мувофиқат барои иқтисоди Туркманистон бурди назаррас буд. Нахуст, Маскав 20 миллиард метри кубии гази туркманиро харидорӣ кард. Сипас, иловатан, 10 миллиарди дигарро то охири соли 2000 дархост кард. Дар ҷараёни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Ишқобод, моҳи майи соли гузашта, ду ҷониб шатномаи дарозмуддатро ҳамасола барои интиқоли 50 миллиард метри кубӣ баррасӣ карданд. Аммо бар сари нарх ба созиш нарасиданд. Дар чанд соли ахир Сафармурод Ниёзов бо талаби котеона нахуст нархи ҳазор кубаметри газро ба 36 доллар расонд, ин дар ҳоле буд, ки Руссия 26 доллар пешниҳод мекард. Соли равон Ниёзов бар сари 40 доллар барои ҳазор метри кубӣ пофишорӣ карда, фоизи саҳмия нақдро аз 40 то 50 бурд. Русия аз хавфи боз ҳам боло бурдани қиммати газ аз ҷониби Туркманистон ба ин шарт розӣ нашуд. Дар ҳамин ҳол Русия аз ҳар як ҳазор метри кубии газ, ки ба Аврупои Ғарбӣ мефурушад 90 доллар киммат мегирад. Аммо нархи газ барои кишварҳои узви Итиҳоди Муштаркулманофеъ арзонтар аст. Барои намуна, интиқоли ҳазор метри кубии газ ба Озарбойчон 48 доллар аст. Аммо эҳтимолан талаби нави Туркманистон, ки мехоҳад 10 миллиард метри кубии газ, ҳаҷми солонаи фурушро ба Аврпуои Ғарбӣ интиқол диҳад, сарчашмаи аслии танишҳо хоҳад буд. Ниёзов мехоҳад, кишвараш дар бозори Аврпуо ҷойи собити худро пайдо кунад.

Соли 1994 Маскав изҳор дошта буд, ки барои қонеъ намудани талаботи худ бар пояи содироти газ, ба тамоми иктидори лулаҳои собик Шуравӣ ниёз дорад. Ин иқдом Туркманистонро барои фуруши газ ба кишварҳои Муштаркулманофеъ, аз қабили Украина ва Гурҷистон ноилоҷ кард, ки тавони пардохти киммати газро надоштанд. Соли гузашта талабот ба гази Туркманистон афзоиш ёфт ва ин ба Ниёзов даст дод, ки масъалаи интиқоли газро дубора дар миён гузорад. Туркманистон дар ин самт аллакай барои фуруши газ ба Украина музокиротро огоз намудааст, ки ваъдаи пешпардохтро матраҳ мекунад. Ин дар ҳолест, ки Русия роҳҳои ду баробар афзудани интиқоли газ ба Иттиҳоди Аврпуоро меомузад.

Қатъи гази Туркманистон ба Русия ҳамчунин норозигиҳои дигарро ба бор хоҳад овард. Ба вежа дар бахши тақсими захоири баҳри Хазар. Ихтилофи назар бар сари содироти газ ҳалли ҳар ду масъаларо ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Таъсири катъи ахири газ ба Украина ҳамчунин норушан боқӣ мондааст. Гази Туркманистон барои Русия ва Украина тавассути як лула интиқол меёбад. Аммо маълум нест, дар ҳоле, ки Русия гази Туркманистонро акнун намегирад, оё иҷоза хоҳад дод, ки газ тавассути лулуаҳои он ба Украина интиқол ёбад?

(Таҳиякунанда: Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG