Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон маоши ҳадди аққал се маротиб афзоиш ёфт



Мирзои Салимпур

Дар ҳоле ки ҳадди аққали маоши моҳона камтар аз ду доллар муайян шуд ва қариб як доллар ба нафақаҳо илова гардид, гуфта мешавад, афзоишҳои ахир мушкили мардуми маошгиру нафақахурро ҳал нахоҳад кард.



Ҳукумати Тоҷикистон аз аввали январи соли 2001 ҳадди аққали маошро се маротиба боло бурда, се сомонӣ муқаррар кард. Нархи ҳар доллари ИМА баробари наздик ба 2.2 сомонӣ аст. Аз 1 апрели соли 2001 маоши кормандони муассисаҳои маориф, ба ҷуз макотиби олӣ, ҳамчунин ниҳодҳои сиҳати омма, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг 40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Зафар Саидуф, сухангӯи президенти Тоҷикистон ба Радёи Озодӣ гуфт, баланд бардоштани нафақаи касоне, ки то оғози соли 1996 ба нафақа рафта будаанд ҳам дар назар гирифта шудааст. Акрам Сулаймонуф, корманди масъули Вазорати Дороии Тоҷикистон низ ба Радёи Озодӣ гуфт, нафақаи ашхоси мазбур, сарфи назар аз миқдори нафақае ки мегиранд, ду сомонӣ афзуда мешавад. Ин афзоиш баробар бо наздики як дуллор дар моҳ аст.

Хабарнигори иқтисодии Радёи Озодӣ дар Душанбе мегӯяд, дарҳоле ки афзоиши нафақаву маош бо ин ҳадди ночиз ҳеҷ гуна кумаке ба зиндагии маошгирон ва нафақахӯрон нахоҳад кард, мумкин аст, касри будҷети ҷумҳуриро дар соли 2001 тавре афзоиш диҳад, ки ҳукумат қодир ба пардохти кулли харҷи ин афзоиш ҳам нашавад.



XS
SM
MD
LG