Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Абдуллоҳи Нурӣ: Ҷумъаи Намангонӣ дар Тоҷикистонаст



Мирзонабии Холиқзод

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегуяд, ҳузури гуруҳи мусаллаҳи узбак ба сулҳу оромии Тоҷикистон халал мерасонад ва онҳо бояд Тоҷикистонро тарк кунанд.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва раҳбари собиқ Иттиҳоди Нируҳои Оппозитсиюни кишвар дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, Ҷумъаи Намангонӣ, яке аз раҳбарони Наҳзати Исломии Узбакистон феълан дар Тоҷикистон ба сар мебрад. Ҷаноби Нурӣ бо ишора ба кушишҳои ҳукумати Душанбе ва нируҳои собиқ оппоситсиюни Тоҷикистон барои водор кардани гуруҳи Намангонӣ ба тарки Тоҷикистон гуфт, онҳо чанд моҳ пеш воқеъан кишварро тарк карданд, аммо баъд ба Тоҷикистон бозгаштанд. Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, нируҳои собиқ оппозитсиюни Тоҷикистон масъулияте дар ин бора надоранд ва тамоми масъулияти бозгашти Намангонӣ бо марзбонон ва нируҳои амниятии Тоҷикистон аст.

Раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, ҳузури нируҳои Намангонӣ дар Тоҷикистон ба сулҳу оромии кишвар халал мерасонад ва Ҷумъаи Намангонӣ ва тарафдоронаш бояд Тоҷикистонро тарк кунанд. Ҷаноби Нурӣ дар айни ҳол гуфт, ҳукумати Узбакистон бояд бо мухолифони худ музокира карда, роҳи сулҳу оштиро пеш гирад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳузури Ҷумъаи Намангонӣ ва гуруҳи мусаллаҳи уро дар хоки Тоҷикистон такзиб мекунад ва Тошканд Душанберо чандин бор дар паноҳ додани мусаллаҳони узбак айбдор кардааст. Аммо Саид Абудллоҳи Нурӣ гуфт, рабт додани ҳузур ва фаъолияти гуруҳи Намангонӣ дар Тоҷикистон, ба хост ва барномаи ҳукумати Душанбе ва ё кишвари дигар дур аз вокеъият аст.

XS
SM
MD
LG