Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2000-ум



Хоҷа Мирзода

Соли 2000-ум бо такмилёбии раванди мусолиҳаи миллӣ миёни тоҷикон ва воридшавии пули миллии нав: сомонӣ дар муомилоти молии Тоҷикистон дар ёд хоҳад монд.

Соли 2000-ум вазъи амниятии Тоҷикистон беҳбуд ёфта, имкон дод, ки кормандони СММ ва муассисаҳои ёрирасон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон амалиёти ба истилоҳ "кумак ва таъмини шароити худкумакрасонӣ"ро иҷро кунанд. Аммо хушксолӣ иҷрои бархе аз барномаҳои тараққиро мутаваққиф кард.

Тобистони соли равон дар як изҳороти муштарак Созмони озуқаву кишоварзӣ ва Барномаи Ҷаҳонии Озуқа таъкид карданд, ки тақрибан се миллион аҳолии Тоҷикистон аз сабаби хушксолӣ ва шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ бо гуруснагӣ ва камбуди озуқа мувоҷеҳ шуданд. Ду муассиса пешбинӣ карданд, ки Тоҷикистон ба воридоти 787 тонна ғалла барои солҳои 2000 ва 2001 ниёз хоҳад дошт. Воридоти тиҷоратӣ 400 ҳазор тонна ва кумакҳои башардӯстона 74 ҳазор тоннаи дигарро ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ норасоии ғалла тахминан се сад ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. .деЖарномаи Ҷаҳонии Озуқаи СММ татбиқи барномаи кумак ба Тоҷикистонро дар тирамоҳи соли 2000 оғоз намуд, вале аз сабаби дурии роҳ бахши асосии ёриҳо дар моҳи январи соли 2001 ба Тоҷикистон хоҳад расид. СММ барои татбиқи барномаҳои худ дар Тоҷикистон дар соли 2001 ба 82 миллион доллари ИМА ниёз дорад. Ин рақам назар ба кумакҳое, ки СММ дар соли 2000 барои Тоҷикистон талаб карда буд, тахминан се баробар зиёд аст.

Дар соли 2000ум тараққии нисбии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, шикасту рехти иқтисод ва инфраструктураи кишвар идомаи раванди сулҳ ва мусолиҳаро таҳти суол қарор медиҳад. Назар ба гузориши Идораи Тараққии СМ ва Банки Ҷаҳонӣ аз соли 1999 беш аз 80 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли қашшоқӣ рӯз мегузаронанд. Ин аст, ки моҳи июни соли 2000 ум президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар мулоқоти сарони кишварҳои олам дар шаҳри Женева, ки ба мубориза бо камбағалӣ бахшида шуда буд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, муассисаҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои кумакрасон дархост намуд, ки эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.

Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо Банки Ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила барномаи фарогири мубориза бо камбағалиро тарҳрезӣ дорад, ки бояд то миёнаҳои соли 2001 омодаву тасдиқ шуда, мавриди татбиқ қарор гирад.

Эҳтимол дар солномаҳои таърихӣ ва ё таърихи иқтисодӣ соли 2000-ум бо воридшавии пули нави миллӣ: сомонӣ дар муомилоти молии Тоҷикистон сабт гардад. Мақомоти Тоҷикистон панҷ рӯз пеш аз оғози ислоҳоти пулӣ эълон карданд, ки сар аз 30 октябри соли 2000-ум дар муомилот пули нави миллӣ: сомонӣ ворид мешавад.

Як сомонӣ ба ҳазор рубли тоҷикӣ мубодила шуда, он ба сад дирам: пули хурди тоҷикӣ баробар аст. Таъкид шуд, ки то якуми апрели соли 2001-ум ҳам рубли тоҷикӣ ва ҳам сомонӣ озодона мубодила хоҳанд буд.

Чанд соат пас аз эълони ислоҳоти пулии Тоҷикистон Бунёди Байналмилалии Асъор дар Вашингтон изҳороте нашр намуда, ин иқдоми ҳукуматро дастгирӣ намуд.

Новобаста аз эълони пешакӣ ва ҳадафҳои мусодиравӣ надоштани ислоҳоти пулӣ муддате дар бозорҳои Тоҷикистон таҳлука ба назар мерасид. Сабабҳои онро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд: Дар баъзе ҳолатҳо надоштани иттилоъи дақиқ оиди ҳадафи ислоҳоти пулӣ, дар баъзе ҳолатҳо бо роҳҳои маъмурӣ муайян кардани нарх ва дар баъзе ҳолатҳо авомфиребии баъзе тоҷирону саррофон боис гашт, ки муддате фурӯшгоҳҳо баста ва қурби пул болову поин шавад.

Аммо то охири сол қурби сомонӣ нисбатан мустаҳқам шуда, тибқи омори расмӣ дар нуқтаи ду сомониву бист дирам дар муқобили як доллари ИМА таваққуф намуд. Ҷои ёдоварист, ки дар охири соли 1999 як доллари ИМА ба 1436 рубли тоҷикӣ мусовӣ буд.

Дар соли 2000-ум созмонҳои Байналмилалӣ ва муассисаҳои молии ҷаҳонӣ на танҳо дар мубориза бо камбағалӣ, рафъи хасороти кишвар аз хушксолӣ ва ислоҳоти пулӣ, балки эҳёву ислоҳоти дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ба монанди ҷамъи андоз, маориф, беҳдошт, энергетика, нақлиёт, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра саҳм доштанд ва ё хоҳанд дошт. Тибқи маълумоти Кумитаи Амволи Давлатии Тоҷикистон барномаи хусусигардонии муассисаҳои хурд тақрибан ба анҷом расидааст. Дар ҷавоб ба тақозои Бунёди Байналмилалии Асъор, Ҳукумати Тоҷикистон 23 корхонаи пахтатозакунӣ, яъне тамоми муассисаҳои ин соҳаро ғайридавлатӣ кард. Тибқи нақша 75 дар сад ҷамъи як саҳмияи корхонаҳои ёдшуда ба дасти хусусӣ мегузарад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Банки Ҷаҳонӣ баррасии лоиҳаи ислоҳоти ниҳодии ҳукуматро шурӯъ намуд. Агар барномаи мазкур ба иҷро расад, аз 56 вазорату идора ва кумитаҳои давлатӣ танҳо 19 вазорату кумита таъсис меёбад, аммо доираи фаъолияти ин 19 идораҳо васеътар хоҳад буд.

Ҳосили пахтаи Тоҷикистон дар соли 2000 каме бештар аз 335 ҳазор тонна пахтаро ташкил кард, ки аз як соли пеш 21 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ва аммо содироти алюминий беш аз панҷоҳ дар сади даромади арзи хориҷии Тоҷикистонро ташкил додааст. Натиҷаҳои ниҳоии фаъолиятҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2000 то ҳол нашр нашудаанд.

Дар ибтидои соли 2000 шумораи расмии бекорон тақрибан се фоизро ташкил мекард, ки он дур аз ҳақиқат аст. Аксари бекорон ба идораҳои таъмини шуғл муроҷиат намекунанд, зеро ба ақидаи онҳо аз ин амал суде ба даст намеояд.

Ва ниҳоят буҷҷети соли 2001: Парламенти Тоҷикистон лоиҳаи буҷҷети соли ояндаро баррасӣ ва тасдиқ намуд, ки он барои аввалин бор дар чорчӯби буҷҷети солҳои 2001- 2003 тарҳрезӣ шудааст. Тибқи буҷҷети соли оянда ҳукумат хароҷоти давлатиро ба 314 миллион сомонӣ ва даромадро ба 301 миллион сомонӣ баробар донистааст. Ба қавли коршиносон буҷҷети соли оянда тамоюли иҷтимоӣ дорад. Хароҷоти ҳукумат дар ин соҳа ба чил фоизи буҷҷет ё тахминан 126 миллион сомонӣ баробар хоҳад буд. Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки соли оянда аз созмонҳои байналмилалии молӣ ба маблағи 68 миллион доллар қарзҳои имтиёзнок ва кумак дарёфт мекунад.

XS
SM
MD
LG