Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд ба ҷуз Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳеҷ кишвари ҳамсоя бар зидди ҳукумати Толибони Афғонистон иддаое надорад.



Ҳабиби Ҳошимӣ

Абдулҳаким Муҷоҳид, намояндаи ҳукумати Толибон дар СММ гуфт ба ҷуз Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳеҷ кишвари ҳамсоя дар бораи таълимгоҳҳои террористӣ дар Афғонистон иддаое накардааст ва зиддияти Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон фақат бо таҳрики Русия анҷом мегирад.

Абдулҳаким Муҷоҳид, намояндаи ҳукумати Толибон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дирӯз дар мусоҳибаи худ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар робита бо таҳримоти ҷадиди СММ алайҳи Толибон гуфт ин таҳримот бар хилофи усул ва маншури СММ ва фақат бо исрори қудратҳои бузург гирифта шудаанд. Муҷоҳид такрор кард, ки Усома Бин Лодини саудитабор, ки муттаҳам ба ташкили амалиёти террористӣ дар соли 1998 аст, ҳамчун як муҳоҷир дар Афғонистон зиндагӣ мекунад ва бо вуҷуди муроҷиати ҳукумати Толибон ҳанӯз ҳеҷ кишваре далелу ҳуҷҷате доир ба даст доштани Бин Лодин дар амалиёти террористӣ нишон надодааст, то ӯ ба муҳокима кашида шавад. Дар робита бо кишварҳои ҳамсоя намояндаи ҳукумати Толибон гуфт ба ғайр аз Тоҷикистону Қирғизистон ҳеҷ кадом аз ҳамсояҳои Афғонистон, аз ҷумла Туркманистон, Узбекистон, Эрон, Чин ва Покистон шикояте дар бораи вуҷуди таълимгоҳҳои террористӣ дар Афғонистонро надоранд. Ба назари Абдулҳаким Муҷоҳид танҳо Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун ифодагари манофеи Русия дар минтақа ин иддаоҳоро матраҳ мекунанд, то барои маърака бар зидди ҳукумати Толибони Афғонистон заминасозӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG