Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи паноҳандагони афғон номаълум боқӣ мемонад



Мирзонабии Холиқзод

Намояндагони созмонҳои хайрия мегӯянд агар нисбати паноҳандагони афғон дар каронаҳои Панҷ ва чанд ҷазираи он тадобири фаврӣ андешида нашавад, як фалокати башарӣ ногузир мешавад.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Метю Кахани, ба тамоми муассисот ва кормандоне, ки дар ҳамоҳангии намояндагии СМ дар Тоҷикистон фаъолият доранд, нома навишта, аз онҳо, аснои боздиди макони оворагони афғон дар ҷазоири дарёи Панҷ, риояи тадобири фавқулоддаи амниятиро тақозо кардааст. Дар каронаҳои Панҷ ва чанд ҷазираи ин ҷо, чанд муддат аст, ки зиёда аз даҳ ҳазор паноҳандагони афғон ҷамъ шудаанд ва вазъияти тоқатфарсое доранд. Ин мардум, ки аксар кӯдакону занон ва афроди солхӯрда ҳастанд, аз ҷои хоб, обу таъоми хуб маҳруманд, ва ин боис шудааст, ки дар миёни онҳо бемориҳои гуногуни доман кашад. Намояндагони созмонҳои хайрия, ки аз макони ин фирориён ба тозагӣ боздид кардаанд, мегӯянд агар нисбати ин афрод тадобири фаврӣ андешида нашавад, як фалокати башарӣ ногузир мешавад. Интизор аст, ки бо кумаки созмони хайрияи Мерилин, дар ноҳияи паноҳандагон бемористонҳои сайёр таъсис шавад. Зимнан, СММ аз Тоҷикистон дархости пазириши ин оворагонро кардааст, вале ҳукумати Душанбе дар ин бора ҳануз расман чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG