Саидқосими Қиёмпур Намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар дидор бо журналистони Тоҷикистон гуфтанд, матбуоти Тоҷикистон ба ёрии байнулмилалӣ ниёз дорад ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо қарор кардааст, ба нашрияҳои нав, хабаргузориҳо ва ҳамчунин нашрияҳои маҳаллии давлатӣ кӯмак расонад.
Муовини раҳбари Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Маликзода ба хабарнигорон гуфт, бо сабаби он ки дар ноҳияҳо ба ғайр аз нашрияҳои давлатӣ дигар расонаи хабарии гурӯҳие вуҷуд надоранд, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба хотири дастрасии маълумот аз ҷониби аҳолӣ омода шудааст, ба ин нашрияҳо низ кӯмак кунад. "Албатта, ин вазифаи давлат аст, ки нашрияҳои худро ҳифз кунад, аммо давлат мегӯяд, чунин сармояҳоро надорад. Аз ин рӯ мо барои муддати кӯтоҳ ин нашрияҳоро пуштибонӣ мекунем", мегӯяд ҷаноби Маликзода. Вале ба гуфтаи ӯ мадади асосӣ ба расонаҳои мустақил ва ғайридавлатӣ, ба журналистони боистеъдод ва ғайратманд расонида хоҳад шуд. Ин кӯмак низ барои муддати кӯтоҳ амал мекунад, нашрияҳо бояд дар ним ё як сол нишон диҳанд, ки метавонанд минбаъд худкифо ва худгардон шаванд ва ё аз бунгоҳҳои хориҷӣ кӯмак ба даст оранд. Муовини раҳбари Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Маликзода як намуна овард, ки созмони ӯ дар Хуҷанд ба ташкили хабаргузории Варорӯд мадад расонида, умедвор аст, ин бунгоҳ дар муддати кӯтоҳ худкифо мешавад. Дар дидори кормандони Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон аз сензура ва худсензураи журналистон ва хатарҳое ки ба озодии фаъолияти онҳо таҳдид мекунад сухан рафт. Зикр гардид, ки журналистон аз даст задан ба масъалаҳои ҳассос, монанди танқиди мақомоти давлат ва ё фармондеҳон меҳаросанд. Ҳоло ба журналистон бештар интиқомҷӯйии гурӯҳҳои мусаллаҳ таҳдид мекунад. Кормандони Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд, ки вазъи озодии сухан бо афзойиши расонаҳои гурӯҳӣ ва ташкили бозору рақобат дар ин ришта тадриҷан беҳбуд хоҳад ёфт.