Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Тоҷикистон бо мақомоти Милали Муттаҳид масъалаи Афғонистонро баррасӣ намуд



Хоҷа Мирзода

Дар анҷумани Милали Муттаҳид дар Палермо, ки асноди мубориза бо ҷинояткории фавқулмиллиро баррасӣ мекунад, раҳбарии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба вазъи Афғонистони ҳамсояро дар сафи аввал гузошт.

Ҳангоми дидораш бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон дар Палермои Итолиё президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ӯ даъват намуд, аз Тоҷикистон дидан кунад ва ба самараи сулҳи миёни тоҷикон бевосита ошно шуда, онро арзишёбӣ намояд. Кофӣ Аннон ин даъватро қабул намуд. Президенти Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо Пино Арлакӣ, муовини дабири Кулли СММ , раиси идораи назорати маводи мухаддир ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, барои кумакҳое, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва пеш аз ҳама СММ ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир мерасонанд, изҳори сипос намуд. Ба гуфти сухангӯи президенти Тоҷикистон Зафар Саидов, Эмомалӣ Раҳмонов, ки барои иштирок дар конфронси СММ оиди мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи байналмилалӣ ба шаҳри Палермои Италия сафар намудааст, пешниҳодҳое барои беҳбуди кори идораи СММ оиди назорати маводи мухаддир ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ матраҳ кард. Аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибдори ташкили камари амниятӣ дар тӯли марзи Афғонистон ва таҳкими муҳофизати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмонов таъхири ҳалли низои Афғонистон ин кишварро ба маркази истеҳсоли маводи мухаддир табдил дод. Мафияи байналмилалии маводи мухаддир бо истифода аз мушкилоти ҳифзи марзҳои Тоҷикистон, мехоҳад қаламрави ин кишварро ҳамчун плацдарм ё худ макони муносиби қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Аврупо бубинад. Як рӯз пеш аз он, яъне 12 декабр президенти Тоҷикистон бо раиси ҳайати Русия дар конфронси Палермо, дабири Шӯрои Амнияти ин кишвар Сергей Иванов вохурд. Дар сӯҳбат бо мансабдори рус ҳам мавзӯи Афғонистон арзёбӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмонов ба кӯшишҳои ИМА ва Русия, ки мехоҳанд роҳи хунрезӣ дар Афғонистонро бигиранд, баҳои баланд дод.

XS
SM
MD
LG