Саидқосими ҚиёмпурРӯзи панҷшанбе роҳи оҳани Қазоқистон низ тасдиқ кард, ки манъи рафтуомади қатораи Душанбе- Маскав, ки аз 19 октябр ҷорӣ шуда буд, лағв мегардад.
Рӯзи панҷшанбе роҳи оҳани Қазоқистон низ тасдиқ кард, ки манъи рафтуомади қатораи Душанбе- Маскав, ки аз 19 октябр ҷорӣ шуда буд, лағв мегардад. Ба навиштаи хабаргузории Азия-Плюс раҳбарияти роҳи оҳани Тоҷикистон бо ҳамтоҳои қазоқи худ дар мавриди транзити се қатораи Душанбе -Маскав ё ба истилоҳ поездҳои рақами 223 ва 224 дар таърихи 15, 17 ва 20 ноябр ба мувофиқат расид. Ҷои ёдоварист, ки хадамоти роҳи оҳани Русияву Қазоқистон аз сабаби афзоиши мусофирони бебилет ва қочоқ ва вазъи зиддисанитарӣ рафтуомади қатораҳои мусофиркаши Тоҷикистон дар қаламрави ин кишварҳоро манъ карда буданд.