Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1500 - 2000 паноҳандаи афғон дар ҷазираҳои дарёи Панҷ



Ҳабиби Ҳошимӣ

Байни 1500 то 2000 афғон дар ҷазираҳои дарёи Панҷ дар наздикии сарҳади Тоҷикистон, ҷамъ гардидаанд.

Назар ба гузориши ИТАР-ТАСС байни 1500 то 2000 афғон дар ҷазираҳои дарёи Панҷ дар наздикии сарҳади Тоҷикистон, ки мантақаҳои бетараф дониста мешаванд, ҷамъ гардидаанд. Ин муҳоҷирон, ки аксари онҳо ахшоси кӯҳансол, занон ва кӯдаконанд, дар сармо бо хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Намояндаи ҳайати дипломатии ҳукумати президенти Афғонистон, Раббонӣ дар Душанбе ба ирсол фаври ёриҳои башарӣ ба ин муҳоҷирон даъват кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ то кунун ба ин даъватҳо посухи мусбат надодаанд.

XS
SM
MD
LG