Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ дар Минск



Салими Аюбзод

Дар нишасти сарони Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ дар Минск Маркази зидди террор таъсис ёфт, вале баррасии бунёди манотиқи озоди тиҷоратӣ ба таъхир афтод.

Ду масъала аз байни чандин мавзӯъи нишасти Минск мақоми аввалиндараҷа доштанд, ки яке ба амният ва дигаре ба иқтисодиёт марбут мебошанд. Ташкили Маркази зидди террор қариб аз тарафи ҳамаи ширкаткунандагон пуштибонӣ шуд ва дар нишасти Минск сарони 11 кишвар низомномаи ин марказро қабул карданд. Тибқи баёнияҳое, ки пеш аз имзои созишнома садо доданд, ба назар мерасид, ки фаъолияти ояндаи ин марказро ҳар яке аз тарафҳо ба таври худ мефаҳмад ва дар ҳоле ки Ӯзбакистон зидди мақоми минтақавӣ доштани марказ бошад, Қазоқистон баракс талаб кард, ки бахшҳои марказ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сохта шаванд. Вале тавре ки эълон шуд, қабули низомномаи Марказ ба оғози фаъолияти амалии ин ниҳоди нав роҳ мекушояд. Ин шояд ягона дастоварди нишасти Минск аст. Зарурати чунин маркази зидди террор аввалин бор дар Осиёи Марказӣ ва он ҳам пас аз ҳамлаи мусаллаҳони исломии ӯзбак ба .джеодканди Қирғизистон ошкоро баён шуд. Дар зимни он ширкат ва кӯмаки Русия дар ҳолатҳои бӯҳронии минтақа андешаи асосӣ буд. .джеаъди ҳамлаи дубораи ҳаракати исломии Ӯзбакистон акнун ҳам ба Қирғизистон ва ҳам ба Ӯзбакистон, дар ҳамон рӯзҳое, ки дар Ялта мулоқоти ғайрирасмии сарони Ҷомеъаи муштаракулманофеъ баргузор мешуд, андешаи ташкили марказ то ба эълони зарурати ташкили Нирӯҳои муштараки амниятӣ дар Осиёи Марказӣ сабзид, гӯем. Ӯзбакистон ба ин ғоя мухолифат нишон дод ва ҳоло ҳам, дар Минск, ҳайъати Тошканд бар ин аст, ки чунин Марказ набояд хислати минтақавӣ дошта бошад, балки он бояд куллан барои Ҷомеаи муштаракулманофеъ буда, таҳти фармони ҳамин ҷомеъа қарор гирад. .джеа назар мерасад, барои Русия ташкили чунин Марказ муҳим буд ва Русия изҳори омодагӣ кард, ки бахши асосии сармоягузориро ба ташкилу роҳандозии марказ дар ӯҳда хоҳад дошт. Аммо президенти Қирғизистон Аскар Оқоев гуфт, ҳамаи кившарҳои мушатаркулманофеъ омодаанд, аз кори ояндаи ин Марказ пуштибонӣ кунанд. Вале масъалаи дуюм, ки аксарият ба он рағбат доштанд, боз муаллақ боқӣ монд. Президентҳо бори дигар зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодиро зикр карданд. Лекин дар ташкили амалии манотиқи озоди тиҷоратӣ пешрафти муҳим ба амал наомад. Ин ҳам дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳо маҳз ҳамин масъаларо муҳимтарин мавзӯъи нишаст меномиданд. Аввалан дар ҳудуди минтақаҳои озоди тиҷоратӣ харидуфурӯш бе андоз ва ё молиёт сурат мегирад, таърифаҳои воридоту содирот ва маҳдудиятҳои таърифаӣ дар тиҷорати байниҳамӣ барҳам мехӯранд, ки дар натиҷа бояд рақобати озоди молу хидматрасонӣ миёни ҳамаи ширкаткунандагони раванд ба вуҷуд омада, дар айни ҳол пойбандии кишварҳои алоҳида ба ҳамдигар камтар мешавад. Созишномаи ташкили манотиқи савдои озод ҳанӯз дар моҳи апрели соли 1994 аз тарафи 11 кишвари Ҷомеъаи муштаракулманофеъ имзо шуда буд. Ба ғайр аз Туркманистон дигар ҳамаи давлатҳои узв онро пазируфта буданд. Аммо барои ҳукми қонунӣ гирифтани аҳднома, зарур буд, ки парламентҳои ҳар яке аз онҳо онро ба тасвиб расонад. Ҳамон вақт қарор шуда буд, ки созишнома то якуми декабри соли 200ум пурра ба тасвиб расида, иҷрои он шурӯъ шавад. То ҳол се давлат Русия, Озарбойҷон ва Гурҷистон ин корро накардаанд, ки маънии пурра қабул нашудани онро дорад. Яъне то парламенти ин давлатҳо созишномаро ба тасвиб нарасонад, иҷрои онро талаб кардан номумкин мебошад. Мудирияти иҷроияи Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ҳаққи назорати иҷрои қарорҳои қабулшударо надорад ва бо вуҷуди эъломияҳо ҳанӯз дар риояти манфиати ҳар яке аз давлатҳои узв баробарию эҳтиром ба назар намерасад. Ҳолати дохилии Ҷомеъа бештар ба рӯҳияи Русия бастагӣ мегирад. Ва Русия ҳамчун содиркунандаи асосии мол, бахусус, нирӯи инержӣ ва сӯзишворӣ ба кишварҳои собиқ шӯравӣ, дар ҳоли ҳозир омода нест, аз манфиатҳое, ки дар риштаи тиҷорат бо ин кишварҳо ба даст меорад, даст кашад. Шояд ба ҳамин сабаб оғози амалии иҷрои созишномаи манотиқи тиҷорати озод ба таъхир гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG