Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони паймони мудофиаи дастаҷамъи ба ҳаллӣ масъалаи Афғонистон даъват мекунад



Хоҷа Мирзода

Сарони Русия, Қазоқистон, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон таъкид мекунанд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд қабл аз сирояти низои Афғонистон ба қаламрави ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ онро ҳаллу фасл намояд.

Сарони Русия, Қазоқистон, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон таъкид мекунанд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд қабл аз сирояти низои Афғонистон ба қаламрави ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ онро ҳаллу фасл намояд. Дар изҳороти муштараки сарони шаш кишвари узви Паймони Мудофиаи дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ, ки рӯзи чоршанбе дар пайи вохӯрии раҳбарон нашр шуд, гуфта мешавад: " Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунем, ки баҳри ҳалли осоиштаи низои Афғонистон талоши бештар варзад. Бидуни сулҳ дар ин кишвар дар минтақа сулҳ пойдор нахоҳад буд. " Сарони кишварҳои паймони мудофиаи дастаҷамъӣ пешниҳод мекунанд, ки як Ҷаласаи махсуси Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба масъалаи Афғонистон доир шавад. Ҳамзамон аз САҲА низ даъват шудааст, ки дар ҳалли низои Афғонистон саҳми фаъолтар бигирад. Бархӯрди низомии ҷумбиши Толибони афғон ва мухолифини онҳо, ки акнун ба манотиқи марзии Тоҷикистон наздик шудаанд, нигарониҳоро аз тавсеаи низоъ дар хоки ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ афзоиш медиҳад. Бар илова ҳуҷумҳои ҷангҷӯёни исломӣ дар Узбакистону Қирғизистон боиси нооромиву ташвиш мебошанд. Сарони шаш кишвар изҳор намудаанд, ки идомаи бархӯрдҳо дар Афғонистон метавонад мавҷи паноҳандагонро озими Тоҷикистон намуда, сабабгори фоҷеаи бузурги башарӣ гардад. Бо ишора ба ин авзоъ Владимир Путин илова кард, ки мавқеи Русия дар нисбати вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон бо такя ба мавқеи СММ қабул гардидааст. Президенти Русия гуфт:

" Фикри мо бар асоси мавқеи СММ поягузорӣ шудааст. Ин созмон дақиқу возеҳ даъвоҳои худ аз Толибонро дар миён гузоштааст. Мо дар мавқее қарор дорем, ки СММ қабул кардааст. Зиёда аз он мо бар ин ақидаем, ки феълан , дар ҳоле, ки хатари фирори теъдоди бузурги паноҳандагон аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои Иттиҳод ва пеш аз ҳама Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ҷомеаи байналмилалӣ бояд ин масъаларо ҳамчун вазъияте, ки метавонад боиси мушкилоти васеъмиқёси башарӣ гардад, мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳад."

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон Русия тақрибан 11 ҳазор афсару сарбози марзбонро мустақар намудааст. Ҳамзамон дивизияи 201 ин кишвар дар Тоҷикистон ифои вазифа мекунад. Дар шаҳри Бешкек сарони кишварҳои паймони мудофиаи дастаҷамъӣ дар ҳуҷҷате имзо гузошта, мақоми ташкили нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи ба истилоҳ коллективиро муайян намуданд. Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт: "Мо масъалаи Афғонистон, вазъият дар марзҳои Ҷанубии Иттиҳодро арзёбӣ карда, маҳз барои таҳкими марзи Ҷанубӣ мо аз ҳамаи кишварҳои узв кумаки техникӣ дархост намудем. Зеро он танҳо вазифаи марзбонони Русияву Тоҷикистон нест. Мо ба монанди минтақаи ҳоил: буферӣ тамоми кишварҳои Иттиҳодро муҳофизат мекунем.

Кӯшишҳои ташкили нерӯҳои муштараки мудофиавӣ дар гузашта ҳам бидуни муваффақият ҷо доштанд. Одатан як ва ё якчанд лидер таъкид мекарданд, ки даъвати амнияти ба истилоҳ коллективӣ ҳамчун ниқоб барои афзоиши нуфузи як кишвар болои кишвари дигари муштаракулманофеъ истифода мешавад. Чанде пеш президенти Узбакистон Ислом Каримов иброз дошт, ки Маскав хатари фундаментализми исломиро дастак намуда, кӯшиш дорад, кишварҳои Осиёи Марказиро ба пурсидани кафолати амниятӣ аз Русия водор кунад.Ба қавли раисҷумҳури Узбакистон чунин мавқеъ на ба амнияти Осиёи Марказӣ ва на ба назму суботи худи Русия ёрӣ хоҳад расонд. Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс ҳисобу китоби ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятии шаш мамлакати узви паймони мудофиаи дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ ва панҷ узви Иттиҳоди Гумрукӣ ё тавре ки акнун мегӯянд: Евраазэс, дар он Арманистон ширкат намекунад, гувоҳи он аст, ки татбиқи эъломияҳо кори осон нахоҳад буд. Рӯзи сешанбе сарони панҷ узви Иттиҳоди Гумрукии кишварҳои муштаракулманофеъ: Русия, Қазоқистон, Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Остона эълом доштанд, ки бо ҳадафи таҳкими равобити сиёсиву иқтисодӣ иттиҳоди гумрукӣ ба созмони байналмилалӣ таҳти унвони "Иттиҳодияи Иқтисодии Аврупоиву Осиёӣ" ва ё Евраазэс мубаддал мешавад. Аз дувоздаҳ узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ дар вохӯрии Остона панҷ ва дар Бешкек шаш кишвари узв ҳузур доштанд, ки худ шаҳодати инқирози ин созмон аст. Аз як тараф, дар чунин ҳол Русия бо дасти боз як кишвар ва ё гурӯҳе аз кишварҳои Иттиҳодро бар зидди ҳамдигар ангехта таъсиру нуфузи худро таҳким мебахшад. Аз сӯи дигар, гурӯҳи мамолики муштаракулманофеъ, масалан, ГУУАМ, яъне Гурҷистон, Украина, Узбакистон, Озарбойҷон ва Молдова дар пайи қабули хатти машйи мустақилтаре хоҳанд буд. Ду тамоюли номбаршуда, эҳтимол дорад, сиёсати берунаи на танҳо баъзе аъзои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, балки кишварҳои хориҷиро дар нисбати ин рӯйдод низ тағйир диҳад.

XS
SM
MD
LG