Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Авфи Байналмилал аз ҳукми БикЮ қатл дар Осиёи Марказӣ дар ташвиш аст



Соҷидаи Мирзо

Ахиран, Шӯрои Аврупо аз Русия, Туркия ва Албания тақозо кард, то ҷазои марг, ё худ ҳукми эъдом аз қонуни муҷозоти ин кишварҳо берун карда шавад.

Ахиран, Шӯрои Аврупо аз Русия, Туркия ва Албания тақозо кард, то ҷазои марг, ё худ ҳукми эъдом аз қонуни муҷозоти ин кишварҳо берун карда шавад. Агар ин се кишвар талаби Шӯрои мазкурро иҷро кунанд, Аврупо қитъаи холӣ аз ҷазои марг хоҳад шуд. Вале сарфи назар аз фишори созмонҳои байналмилалӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, ҳукми эъдом ҳанӯз дар бисёр аз мамлакатҳо вуҷуд дорад. Созмони Авфи Байналмилал, ки аз мухолифини шадиди мавҷудияти ҳукми қатл дар ҳамаи кишварҳо аст, ба вижа, аз мавҷудияти ин қонун дар мамолики ғайридемократӣ изҳори ташвиш мекунад. Авфи Байналмилал мегӯяд, дар чунин кишварҳо борҳо иттифоқ афтодааст, ки мухолифни сиёсӣ, намояндагони аққалиятҳои миллӣ, мазҳабӣ ва ё нажодӣ, дар муҳокимаҳои ноодилона маҳкум ба ҷазои марг шаванд. Ҳамсӯҳбати мо Нейсӣ Вайшадинг аз Авфи Байналмилал дар ин бора мегӯяд: Мо ташвиш дорем, ки ҳукми марг ба таври интихобӣ, ба таври нобаробар ва бештар дар мавриди одамони нодор, намояндагони гурӯҳҳои этникӣ, аққалиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва дар мавриди зиндониёни сиёсӣ татбиқ мешавад. Созмони авфи байналмилал мегӯяд, тамоман аз байн бурдани муҷозоти марг роҳи ягонаи тазмини он аст, ки одамони бегуноҳ ба қатл намерасанд. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон, ҷазои маргро дар қонуни муҷозоти худ нигаҳ доштаанд. Туркманистон, агарчи дар мавриди вазъи умумии ҳуқуқи башар мавриди танқиди кишварҳои Ғарбиву созмонҳои байналмилалӣ аст, вале соли 1999 ҳукми қатлро дар қонуни худ аз байн бурд. Қабл аз он низ, агарчи дар ин кишвар ҷазои марг вуҷуд дошт, вале он дар амал иҷро намешуд. Чунин мораторияи иҷрои ҳукми қатл ҳоло дар Қирғизистон идома дорад. Ҳукумати ин ҷумҳурӣ иҷрои аҳкоми эъдомро то моҳи декабр манъ кардааст. Вале маълум нест, ки оё баъди декабр Қирғизистон ҳукми маргро комилан аз байн хоҳад бурд ё на. Ба сурати умум, мораторияи ҳукми эъдом навъе қадам ба сӯи тамоман аз байн бурдани ин навъи ҷазо ба шумор меравад. Озарбойҷону Гурҷистон ба думболи чунин мораторияҳо, яъне иҷро накардани аҳкоми эъдом, баъдан ин навъи муҷозотро лағв карданд. Иттифоқан, ҳоло дар Русия, Туркия ва Албания низ ҳамин навъ мораторияҳо идома доранд. Чанд соли ахир гуфта мешуд, ки дар Тоҷикистон низ агарчи гунаҳгорон ба ҷазои марг маҳкум мешаванд, вале ин аҳком дар амал татбиқ намегарданд. Вале тибқи маълумоти мавҷуда соли гузашта танҳо дар як вилояти Тоҷикитосн, Суғд 11 нафар маҳкум ба эъдом шуда ва ҳукми 6 нафари онҳо иҷро гардид. Созмонҳои ҳуқуқи башар, ба ҷумлаи Авфи Байналмилал ин масъаларо дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, мушоҳида мекунанд: Тибқи маълумоте, ки ба дасти мо расидааст ва расман низ тасдиқ гардидааст, дар ду соли ахир дар Тоҷикитсон иҷрои ҳукми қатл ҷой дорад. Масалан, ба қатл расидани Абдулҳафиз Абдуллоев. Ӯ моҳи марти соли 1998 ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар сӯиқасд ба ҷони президент ба ҷазои марг маҳкум гардида буд. Мо медонистем, ки ӯ гирифтори саратон аст ва чунин назарҳо низ вуҷуд доштанд, ки ҳадафи ҳукми қатл додан ба ӯ, дар асл таҳдид ба оппозитсиони Хуҷанд буд. Мо то як то як муддати тӯлонӣ дар ин маврид чизи дигаре нашунидем. Баъдан иттилоъ ёфтем, ки аризаи вай барои авф дар охири декабри соли 1998 рад шудаст. Дар асл, ӯ охири ноябри соли 1998 қатл гардида буд, яъне пеш аз он, ки дархости авфаш расман рад шавад. Дафтари САҲА низ ин иттилоъро тасдиқ кард. Аҳли оилаи Абдулҳафиз Абкудллоев низ ин хабарро тасдиқ мекунад, онҳо шаҳодатномаи марги вайро гирифтаанд. Ҳамчунин мо аз манобеъи ғайрирасмӣ иттилоъ гирифтем, ки Баҳром Содиров, баробари фармондеҳ Ризвон Содиров, охири январи соли 1999 ба қатл расидааст. Ӯ октябри соли 1998, барои гаравгонгирии намояндагони СМ дар Тоҷикистон ҳукми қатл гирифта буд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ баъди эълони ҳукм, ба қатл расонида шуд. Баъди он мо аз иҷрои аҳкоми эъдом маълумоте нагирифтаем. Ҳукумат ин масъаларо хеле махфӣ нигоҳ медорад. Вале мо иттилоъ дорем, ки дар ин миён чандин ҳукми қатл содир шудааст. Нейси Вайшадинг аз Авфи Байналмилал. Раиси даврагии Сомзони Амният ва Ҳамкории Аврупо Бенита Фереро Волднер, ки чанде қабл аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан намуд, зимни мулоқот бо раҳбарони Тоҷикистон аз ҷумла, ҳукми эъдоми як ҷавонзани тоҷикро баррасӣ кард. Додгоҳи Тоҷикистон хонумеро бо номи Дилфуза Нӯъмонова ба ҷазои марг маҳкум карда буд. Наздикони хонум Нӯъмонова шикоят доштанд, ки ҷараёни маҳкамаи ӯ ноодилона сурат гирифта ва ҷазо ноҳақ содир шудааст. Корманди созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, ки баъдан ин ҷавонзан авф карда шуд: Соли ҷорӣ мо иттилоъ гирифтем, ки як зани маҳкум ба эъдом авф гардид. Дилфуза Нӯъмоноваи 21 сола ноябри соли 1999, дар маҳкамае, ки тибқи хабарҳо ноодилона гузашт, ҳукми эъдом гирифта буд. Ӯ авф гардид ва муҷозоти марги вай ба 15 соли зиндон иваз карда шуд. Созмони АБ бештар аз ҳама аз вазъи Узбекистон шикоят дорад. Дар ин ҷумҳурӣ даҳҳо нафар ба иттиҳоми ҳамкориву ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои террорист ва ба истилоҳ, ваҳҳобӣ ба марг маҳкум мешаванд. Бисёриҳо чунин ақида дорнад, ки дар қатори муҷозотшудагон фаъолони ҳаракатҳои диниву одамони дорои афкори мухолифи ҳукумат кам нестанд. Дастрасӣ ба рафти маҳкамаи онҳо номумкин аст, иҷрои аҳкоми эъдом ба таври махфӣ сурат мегирад ва аскаран аҳли хонаводаи эъдомшудагон то дер аз ин мавзӯъ бехабар мемонанд: Муҷозоти марг дар Узбекистон як масъалаи бузурги ташвишоваре барои мо аст. Аз он ҷо маълумот гирифтан дар бораи иҷрои аҳкоми эъдом ба мо хеле мушкил аст. Вале мо медонем, ки дар он ҷо ҳукмҳои қатл ба иҷро мерасанд. Ва ташвиши бузурги мо аз ин аст, ки дар Ӯзбекитсон бисёр одамон баъди шиканҷаи зиёд ба қатл расонида мешаванд. Мо иттилоъе дорем, дар бораи ҷавонмарде бо номи Дмитрий Чикунов, ки ба иттиҳоми куштор ба марг маҳкум гардид. Аз зиндон ӯ дар номае ба модараш навиштааст, ки ӯро чӣ гуна сахт шиканҷа кардаанд, то иқрор шавад, ки вай гунаҳгор аст. Ӯ ҳамин сол ба қатл расид. Аз ҳама аламовараш ин аст, ки вақте модараш ба хабаргирии ӯ ба зиндон омад, ба вай иҷозаи дидор надоданд ва гуфтанд, ки баъди чанд рӯзи дигар ояд. Баъди чанди рӯз вақте модар пас омад, ба вай гуфтанд, ҳамон рӯзи аввал, ки вай ба дидорбинӣ омада буд, писари ӯ ба қатл расидааст. То ҷое, ки мо медонем, ба ӯ то ҳол шаҳодатномаи марги фарзандашро надодаанд. Мо барои баррасии ин масъала ба ҳукумат муроҷита кардем, вале зоҳиран то ҳол кадом иқдоме дар ин маврид сурат нагирифтааст. Нейси Вайшадинг мегӯяд, ки вазъ дар Қазоқистон низ беҳтар аз ин нест: Гирифтани маълумот аз Қазоқистон дар бораи иҷрои аҳкоми эъдом боз ҳам мушкилтар аст. Мо иттилоъ дорем, ки айни ҳол се нафар маҳкум ба эъдом мебошанд. Мо соли ҷорӣ дар бораи иҷрои ҳукми эъдом дар ин ҷумҳурӣ иттилоъе нагирифтем, вале ин чунин маъно надорад, дар он ҷо иҷрои ҳукми қатл сурат намегирад. Сабаб ин аст, ки ба даст овардани маълумот дар ин бора душвор аст. Ин ташвишовар аст, зеро тибқи маълумоти мо дар зиндону боздоштгоҳҳои Қазоқистон шиканҷаҳои шадидтарин ҷой доранд. Ҳатто президенти Қазоқистон ин нуктаро тасдиқ кардааст, ки чунин шиканҷа проблемаи ҷиддие дар ин кишвар аст. Ин ташвиши моро дар мавриди одамоне зиёд мекунад, ки дар натиҷаи шиканҷаҳо, барои ҷиноятҳое, ки онҳо дар он гунаҳгор нестанд, ба қатл мерасанд. Ба ин тариқ, Авфи байналмилал ташвиш дорад, ки баъзан одамони комилан бегуноҳ барои гуноҳе, ки содир накардаанд, маҳкум ба марг мешаванд. Зеро тавре ки зикр гардид, дар кишварҳои ғайридемократӣ маҳкмаҳо ба таври махфӣ мегузаранду боздоштшудагон дар натиҷаи шиканҷа иттиҳоми гузошташударо тасдиқ менамоянд. Ба назари АБ аз байн бурдани муҷозоти марг роҳи ягонаи пешгирӣ аз муҷозоти одамони бегуноҳ аст. Ин созмон мегӯяд, ки ҷазои марг ҳатто дар мавриди гунаҳгорони воқеъӣ низ аз байн бардошта шавад. Ба гуфтаи АБ ҷомеа ҷинояткорро набояд бо ҷинояти дигар, куштани вай маҳкум кунад. Зеро ҳаққи зиндагӣ ҳуқуқи аввалини инсон аст.

XS
SM
MD
LG